Сентябр 12, 2021 13:08 Asia/Dushanbe
  • Сафари Алкозимӣ ба Теҳрон бо ҳадафи идомаи ройзаниҳо байни Эрону Ироқ

Нахуствазири Ироқ бо ҳадафи идомаи ройзаниҳо бо мақомоти эронӣ ба Теҳрон сафар мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мустафо Алкозимӣ-нахуствазири Ироқ ду ҳафта баъд аз баргузории конфаронси Бағдод ва як моҳ монда ба баргузории интихоботи зудҳангоми порлумонӣ дар ин кишвар, имрӯз ( якшанбе ) дар садри ҳайати сиёсиву иқтисодӣ роҳии Теҳрон мешавад, то дар мавриди чандин дастури кори муҳим бо мақомоти эронӣ ройзанӣ ва гуфтугӯ кунад .
Пайгирии аҳдофи нишасти Бағдод, масъалаи табодули энержӣ миёни ду кишвар, идомаи гуфтугӯҳо миёни Эрону Арабистон дар Бағдод, мавзӯи амният ва аҳамияти ҳамкориҳои муштарак байни ду кишвар ҷиҳати мубориза бо гуруҳҳои террористӣ аз ҷумлаи муҳимтарин аҳдофи сафари нахуствазири Ироқ ба Теҳрон аст .
Эрон низ аз ин фурсат барои идомаи ройзаниҳо ҷиҳати афзоиши саҳмия дар маросими роҳпаймоии арбаъини ҳусайнӣ дар Ироқ ва ҳамчунин пайгирии ҳуқуқии иқдоми ҷинояткоронаи низомиёни Амрико дар террори сардор Қосими Сулаймонӣ истифода мекунад .

 

Барчасп