Сентябр 12, 2021 15:41 Asia/Dushanbe
  • Вуруди нахуствазири Ироқ ба Теҳрон

Нахуствазири Ироқ барои дидору машварат бо мақомоти Эрон вориди Теҳрон шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мустафо Алкозимӣ-нахуствазири Ироқ имрӯз ( якшанбе ) дар садри ҳайати сиёсӣ ва иқтисодӣ вориди Теҳрон шуд, то дар мавриди чандин дастури кори муҳим бо мақомоти Эрон гуфтугӯ ва машварат кунад .
Пайгирии аҳдофи нишасти Бағдод, масъалаи табодули энержӣ миёни ду кишвар, идомаи гуфтугӯҳо миёни Эрону Арабистон дар Бағдод, мавзӯи амният ва аҳамияти ҳамкориҳои муштараки байни ду кишвар ҷиҳати мубориза бо гуруҳҳои террористӣ аз ҷумлаи муҳимтарин аҳдофи сафари нахуствазири Ироқ ба Теҳрон аст . Эрон низ аз ин фурсат барои идомаи ройзаниҳо ҷиҳати афзоиши саҳмия дар маросими роҳпаймоии арбаъини ҳусайнӣ дар Ироқ ва ҳамчунин пайгирии ҳуқуқии иқдоми ҷинояткоронаи низомиёни Амрико дар террори сардор Қосими Сулаймонӣ истифода мекунад.

 

Барчасп