Сентябр 13, 2021 09:03 Asia/Dushanbe
  • Мухбир : Муносиботи Теҳрон - Бағдод нақши басазое дар суботу амнияти минтақа дорад

Муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Муносиботи Эрону Ироқ нақши басазое дар суботу амнияти минтақа дорад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз пойгоҳи иттилоърасонии муовини аввали раиси ҷумҳурӣ, Муҳаммади Мухбир- муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон якшанбе дар дидори Мустафо Алкозимӣ-нахуствазири Ироқ дар Теҳрон бо ишора ба равобити торихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодии ду кишвар бар истифода аз зарфиятҳову тавонмандиҳои ду ҷониб ба вижа дар арсаи иқтисодӣ таъкид кард .

 

  • Муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар инки сақфи тиҷорати ду кишвар мутаносиб бо шароити иқтисодӣ ва сиёсӣ нест, ибрози умедворӣ кард : Тафоҳумномаҳои анҷомшуда бо муаррифии намояндаи томулихтиёр аз сӯи ду тараф ба манзури пайгирии қарордодҳои миёни ду кишвар ҳар чи зудтар иҷроӣ шавад .
  • Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Эрон ҳамчунин бо ишора ба ишқу алоқаи мардуми Эрон ба ҳазрати
    Абоабдуллоҳил-Ҳусайн (а ) ва ширкат дар маросими арбаъин аз нахуствазири Ироқ хост то заминаи лозим барои афзоиши саҳмияи зоирони эрониро фароҳам кунад

Нахуствазири Ироқ низ бо ишора ба заминаҳои фаровони ҳамкорӣ миёни Эрону Ироқ ба вижа дар арсаҳои фарҳангӣ, торихӣ, тамаддунӣ ва динӣ гуфт : Фурсатҳои фаровоне барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба вуҷуд дорад . Мустафо Алкозимӣ бо ёдоварии ниёзи Ироқ ба тавонмандиҳои ширкатҳои эронӣ барои тавсеъаву такмили раванди бозсозӣ гуфт : Ироқ ниёзманди газу барқи Эрон аст . Нахуствазири Ироқ бо қадрдонӣ аз давлату миллати Эрон ба хотири истодагӣ дар канори Ироқ дар мубориза бо ДИИШ ва тероризм гуфт : То поёни соли 2021 бахши умдае аз неруҳои Амрико аз Ироқ хориҷ хоҳанд шуд .

 

Барчасп