Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон : Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон меравад
Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон гуфт : Сайидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон барои ширкат дар иҷлоси сарони Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон сафар мекунад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саиди Хатибзода-субҳи имрӯз дар нишасти хабарии худ бо асҳоби расона, ки ба сурати маҷозӣ баргузор шуд, дар бораи ахбори мунташиршуда дар бораи сафари Амирабдуллоҳиён ба Ҳинд иброз дошт : Сафаре дар дастури кор ба Ҳинд буд, ки ба хотири чандин мавзӯи муртабит бо якдигар аз ҷумла нишасти Шанхай, сафари раиси ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон ва чандин ҷаласаи муҳим дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ имкони ин сафар набуд ва қарор аст ин сафар дар замонбандии ҷадиде анҷом шавад .
Вай ҳамчунин дар бораи афзоиши саҳмияи арбаъини Эрон пайрави сафари нахуствазири Ироқ тасреҳ кард : Сафари Алкозимӣ ба Теҳрон дар ростои равобити наздики Эрон ва Ироқ аст. Нахуствазири Ироқ ба унвони нахустин мақоми аршади хориҷӣ пас аз савганд ба Эрон сафар карданд. Ҳайати олирутбае ҳамроҳи эшон буд ва гуфтугӯҳои хубе дар бораи ҳамкориҳои ду кишвар ва пружаҳои дар дасти иҷро анҷом шуд.
Хатибзода бо баёни ин ки Эрон лағви раводид барои атбоъи ироқиро тасвиб карда буд, вале вобаста ба иқдоми тарафи ироқӣ буд, иброз дошт : Қарор шуд ин кор барои мусофиратҳои ҳавоӣ аз сӯи тарафи ироқӣ анҷом шавад .
Бештар бихонед :
- Хатибеҳзода: Сафари Гроссӣ бахше аз равобити фаннии Эрон ва Оҷонсӣ аст
-
Хатибзода: Марзҳои Эрон бо Афғонистон дар оромиш ва амният аст
-
Хатибзода: Мақомоти феълии Амрико масири шикастхӯрдаи давлати қаблиро тай мекунанд