Сентябр 18, 2021 10:51 Asia/Dushanbe
  • Узвияти доими Эрон дар СҲШ мӯҷиби барқарории амният дар Афғонистон хоҳад шуд

Мудири маркази пажӯҳишҳои Афғонистони муосир дар Русия муътақид аст, ки узвияти доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай, заминаи барқарории амнияту субот дар Афғонистонро фароҳам хоҳад кард.

Ба гузориши сомонаи РИА Новости, Нисор Муҳаммад гуфтааст, ки Эрон ҳамсояи бузурги Афғонистон мебошад ва узвияти Теҳрон дар дар СҲШ ба маънеи тадвини роҳкори воҳид дар ин созмон барои ҳалли буҳрони Афғонистон хоҳад шуд, зеро Эрон як кишвари таъсигузор дар масоили минтақаӣ, аз ҷумла авзои Афғонистон мебошад, ки узвияти доими Теҳрони дар СҲШ ба маънеи наздиктар шудани дидгоҳи кишварҳои узви ин созмон барои барқарории сулҳ ва амният дар Афғонстон мешавад.

Аз дигоҳи вай, тасмими нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе барои шурӯи фароянди узвияти доими Эрон дар ин созмон як иқдоми мусбат мебошад, ки ҳам ба нафъи Теҳрон ва ҳам минтақа хоҳад буд.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп