Интисоби фармондеҳи неруии ҳавои артиши Ҷумҳурии исломии Эрон
(last modified Mon, 20 Sep 2021 04:16:01 GMT )
Сентябр 20, 2021 09:16 Asia/Dushanbe
  • Интисоби фармондеҳи неруии ҳавои артиши Ҷумҳурии исломии Эрон

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи муъаззами кулли қуво бо судури ҳукме генерали халабон Ҳамиди Воҳидиро ба фармондеҳии неруи ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон мансуб карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муъаззами раҳбарӣ  дар ҳукми фармондеҳи муъаззами кулли қуво омадааст : Назар ба таъаҳҳуду шойистагӣ ва пешниҳоди фармондеҳи кулли артиш, шуморо ба симати фармондеҳи неруии ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон мансуб мекунам .
Иҳтимом ба афзоиши тавону омодагиҳои разм дар посухгуии ҳушмандона ба ҳар сатҳу навъ аз таҳдиди ҳавоӣ ва рушди сармояи инсонӣ бо рӯйкарди сохти неруии ҳавоии донишманди тарози низоми исломӣ  дар таъомули асрбхш ва ҳамафзо бо маҷмӯъаи бузурги артиши Ҷумҳурии исломии Эрон  ва бахшҳои зирабти лашкарӣ ва кишварӣ мавриди интизор аст .
Пеш аз ин генерал Азизи Носирзода- фармондеҳи неруии ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон буд, ки ( якшанбе ) ба пешниҳоди раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ таи ҳукме аз сӯи ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи Муъаззами кулли қуво ба унвони ҷонишини раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон мансуб шуд.