Сентябр 23, 2021 15:12 Asia/Dushanbe
  • Вуруди маҳмулаи 5 миллион доза воксани корона ба Эрон

Бистуякумин маҳмулаи воксани коронаи таҳияшуда аз сӯйи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар, ҳовии 5 миллион доза воксан, вориди Эрон шуд.

Ба гузориши “Эрон Пресс”, Карими Ҳимматӣ, раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон аз такмил шудани маҳмулаҳои воксани коронаи таҳияшуда тавассути ин ҷамъият дар моҳи гузашта хабар дод ва гуфт: Бо вуруди чаҳорумин маҳмулаи 5 миллиондозии дигар ба Эрон, ба таври куллӣ ин ҷамъият аз урдибиҳиштмоҳи 1400 шамсӣ то кунун 40 миллиону 390 ҳазор доза воксан ба кишвар ворид кардааст.

Ҳимматӣ афзуд: Аз даҳуми меҳрмоҳ то 10 обонмоҳи 1400 шамсӣ ҳар ҳафта 15 миллион доза воксан вориди кишвар мешавад, ки дар маҷмуъ 60 миллион доза воксани корона ворид хоҳад шуд.

Раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон ҳамчунин ба иқдомоти Ҳилоли Аҳмар дар мабодии марзии кишвар барои контроли мусофирон ишора кард ва гуфт: Дар тарҳи контроли беҳдоштии мусофирон дар мабодии марзии кишвар то кунун болиғ бар 630 ҳазор нафар аз мусофирон контрол ва ғирболгирӣ шудаанд.

Ҳамзамон бо таъмини воксан аз манобеи хориҷӣ, ваксиносюни умумии зидди корона дар Эрон бо воксани эронии Ков Эрон Баракат низ дар ҳоли анҷом аст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп