Сентябр 23, 2021 18:29 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ : Хуни мутаҳҳари шуҳадо ҳаққонияти Ҷумҳурии исломиро бар ҷабини таърих сабт кард

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати рӯзи таҷлил аз шаҳидону исоргарон тасреҳ карданд : Хуни мутаҳҳари шуҳадои ҳаққонияти Ҷумҳурии исломиро бар ҷабини таърих сабт кард .

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ, дар паёми рӯзи панҷшанбеи ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ба муносибати рӯзи таҷлил аз шаҳидону исоргарони дифои муқаддас омадааст : Ҳафтаи дифои муқаддас музайян ба ному ёди шаҳидони олимақом аст . Фидокории мухлисонаи онон ва дигар исоргарон пирӯзиро ба миллати Эрон ҳадя кард ва хуни мутаҳҳари онон ҳаққонияти Ҷумҳурии исломиро бар ҷабини таърих сабт кард .
Раҳбари муъаззами инқилоб исломӣ афзуданд : Ин дарси бузурги он усваҳои исор аст ; ҳарҷо талоши мухлисона бошад, пирӯзӣ ва сарбаландӣ низ ҳаст ; миллати Эрон ин ёдгори арҷмандро ҳаргиз аз хотир нахоҳад бурд .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманӣ тасреҳ карданд: Саломи Худо бар шаҳидон ва бар шаҳиддодагон ва бар ҳамаи исоргарон ва бар пешвои онон-имом Рӯҳуллоҳ .
Артиши мутаҷовизи режими Саддом, диктатори маъдуми Ироқ 31 шаҳривари моҳи соли 1359 мусодиф бо 22 сентябри 1980, таҳоҷуми густардаеро бо ба коргирии анвоъи ҷангафзорҳо алайҳи Эрон оғоз кард.

 31 шаҳривармоҳ ( 22 сентябр ) дар тақвими Эрон-оғози ҳафтаи дифои муқаддас аст .

 

Барчасп