Сентябр 25, 2021 12:17 Asia/Dushanbe
  • 400 ҳазор нафар аз шаҳрвандони хориҷии муқими Эрон ваксина шудаанд

Раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон гуфт : 400 ҳазор нафар аз шаҳрвандони хориҷии муқими Эрон таи рӯзҳои гузаштаи воксини корона дарёфт кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Карими Ҳимматӣ рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд : Дар баҳси ваксинасияи шаҳрванди хориҷӣ низ монанди дигар афроди ҷомеъа ваксина мешаванд, бар асоси омори Вазорати беҳдошт аз он теъдоде, ки карти иқомат доштанд беш аз 400 ҳазор нафар то кунун ваксина шудаанд .
Раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон афзуд : Муқаррар шуд бо ҳадафи ваксинасияи афроди ғайримуҷози атбоъи хориҷӣ карти ҳувияти муваққат содир шавад, ки барои ин манзур Федерасиюни байналмиллалӣ эътиборе дар назар гирифтааст .
Вай идома дод : Барои ин афрод муқарар шуда, ки ба сурати марҳалаӣ теъдоди 100 то 200 нафар ваксинасия шаванд, ки ин омодагиро Ҳилоли Аҳмар ба Вазорати беҳдошти Эрон эълом кардааст .
Раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон гуфт : Дар баҳси карти ҳувияти муваққат барои афроди ғайримуҷоз иқдомоти хубе сурат гирифта, ки Ҳилоли Аҳмар пайгири мавзӯъ аст, зеро ваксина шудани сирфан як гуруҳ аз мардум кифоят намекунад ва бояд ҳамаи афрод дар кишвар ваксинаи корона дарёфт кунанд, то эминии лозим эҷод шавад .
Вай афзуд : Таи рӯзҳои гузашта ба таври ҳафтагӣ воридоти ваксина ба панҷ миллион доза расидааст, ки дар моҳҳои оянда 60 миллион дозаи дигар ваксинаи корона тавассути Ҳилоли Аҳмар вориди кишвар мешавад .
Ҳимматӣ гуфт : Ба далели марзҳои тӯлонӣ ва вазъияти сиёсии ҷадиде, ки дар кишвари Афғонистон пеш омада мумкин аст, теъдоди бештаре аз онҳо вориди Эрон шаванд, ки ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар омодагии лозим барои ваксинасияи ин афродро дар марзҳои кишвар дорад .
То кунун 34 миллиону 7 ҳазору 380 нафар дозаи аввали ваксинаи корона ва 15 миллиону 93 ҳазору 292 нафар низ дозаи дувумро тазриқ кардаанд ва маҷмӯи ваксинҳои тазриқшуда дар кишвар ба 49 миллиону 100 ҳазору 672 доза расид .

 

Барчасп