Сентябр 25, 2021 16:53 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён : Рафтори Амрико натиҷаи музокироти Барҷомро мушаххас мекунад

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрони рӯзи ҷумъа дар нишаст бо рӯзноманигорону хабарнигорони аршади расонаҳои Амрико ва Созмони Миллал дар Нию-Йорк бо баёни инки давлати ҷадиди Эрон дар ҳоли баррасии парвандаи музокироти Вена аст, тасреҳ кард:Ин рафтори Амрико аст, ки натиҷаи музокироти Барҷомро мушаххас мекунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар ин нишаст дар хусӯси мавзӯи Барҷом бо ишора ба инки Амрико аз як сў ба бозгашт ба Барҷом таъкид мекунанд ва аз Эрон мехоҳанд, ки ба мизи музокироти Вена бозгардад, аммо ҳамзамон таҳримҳои ҷадидиро алайҳи Эрон аъмол мекунанд, ин навъи рафторро таззодомез хонд, ки дорои паёми созандае нест .
Амирабдуллоҳиён бо баёни инки аз замоне, ки Ҷо Байден-раиси ҷумҳурии Амрико масъӯлияти худро ба ӯҳда гирифтааст, ҳеҷ иқдоми амалии созанда ба ғайр аз изҳори назрҳои мутаноқиз аз ӯ мушоҳида нашудааст, хотирнишон кард: Теҳрон бар асоси рафтори амалии Байден тасмим хоҳем гирифт .
Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо ёдоварии ин нукта, ки давлати ҷадиди Эрон аз замони шурӯ ба кор сиёсати равшану ошкори худ дар қиболи Барҷом дар бораи ба расмият шинохтани тадовуми музокирот, фосила нагирифтан аз Барҷом ва пайгирии бозгашти комили ҳамаи тарафҳо ба Барҷомро эълом кардааст, афзуд: Ин панҷараи фурсат барои ҳамеша боз нахоҳад буд.
Амирабдуллоҳиён дар хусӯси мавзӯъоти минтақаӣ низ бо ишора ба инки дар сиёсати хориҷии давлати ҷадиди Эрон тарроҳии бархурдорӣ аз беҳтарини муносибот бо кишварҳои ҳамсояу минтақа дунбол мешавад, дар ҷараён будани гуфтугӯҳо дар халиҷи Форс ,ибтикороти созанда барои бозгашти сулҳ ба Яману Сурия ва ҳамчунин ташкили давлати фарогир дар Афғонистон ва пешрафту тавсеъа дар Ироқро ба унвони сархати авлавиятҳои сиёсатҳои минтақаӣ баршумурд .
Вазири хориҷаи Эрон дар ҳамин росто изҳор дошт : Авлавиятдиҳӣ ба ҳамсоягону қорраи Осиё ба маънии нодида гирифтани бақияи авлавиятҳо нест, балки дунбол кардани сиёсати хориҷии мутавозину равобити хориҷии фаъол бо ҳамаи кишварҳо ва устувор бар эҳтирому манофеи мутақобил, усӯли сиёсати хориҷии давлати ҷадид аст .
Амирабдуллоҳиён дар поёни суханони худ хитоб ба давлатмардони Амрико изҳор дошт : Иёлоти Муттаҳида низ метавонад бо таҷдиди назар дар сиёсатҳои ғалату ғайрисозандаи худ дар қиболи Ҷумҳурии исломии Эрон аз ин фурсат истифода кунад .
Вазири хориҷаи Эрон афзуд: Миллати Эрон таъриху тамаддуни бузургеро бо худ ба ҳамроҳ дорад ва давлатмардони Амрико боистӣ бидонанд забони таҳриму таҳдид короӣ нахоҳад дошт, зеро инки дар 40 соли гузашта ба онҳо собит шудааст.



Бештар бихонед :

 

Барчасп