Рафтори Амрико; Милоки тасмимгирии Эрон барои музокира дар бораи БарҶом
(last modified Sun, 26 Sep 2021 09:29:33 GMT )
Сентябр 26, 2021 14:29 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Паёмҳои мутаоризи амрикоиҳо милоки тасмимгирии ниҳоии мо нахоҳад буд
    Амирабдуллоҳиён: Паёмҳои мутаоризи амрикоиҳо милоки тасмимгирии ниҳоии мо нахоҳад буд

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон асри шанбе, пеш аз бозгашт ба Эрон гуфт, паёмҳои мутаоризи амрикоиҳо, ки аз каналҳои расонаӣ ё каналҳои дипломатӣ ба мо мунтақил мешавад, милоки тасмимгирии ниҳоии мо нахоҳад буд.

Вазири умури хориҷаи Эрон пеш аз ин ҳам дар дидор бо Ҷозеп Борл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Ню-Йорк гуфта буд; Мо бо ҷиддият дар ҳоли баррасии савобиқи музокироте ҳастем ва давлати ҷадид музокиротро аз сар хоҳад гирифт.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар айни ҳол гуфт: Милоки мо амали тарафҳои муқобил аст ва на изҳори назари онҳо. Давлати ҷадид дар ҳоли муруру мутолеаи парвандаи музокироти анҷомшуда аст. На итлофи вақт мекунад, на рафтори ғайрисозандаи Амрикоро мепазирад ва на кишварро муъаттали ваъдаҳои беасоси собиқадор хоҳад кард.

Изҳороти вазири хориҷаи Эрон дар бораи БарҶом ва шурӯи муҷаддади музокирот дар Вена ду ҷанбаи муҳим дорад.

Ҷанбаи нахуст, тарҳи ин масъала аст, ки оё Амрико иродаи ҷиддӣ барои бозгашт ба БарҶом ва амал ба тааҳҳудоташро дорад?

Дар вазъияти феълӣ дар ин замина тардидҳои зиёде вуҷуд дорад, зеро дар амал, ҷуз бахши бисёр кӯчаке аз тааҳҳудоте, ки Амрикову Аврупо дар БарҶом пазируфта буданд, он ҳам дар мақтаъе хос, иттифоқи дигаре рух надодааст. Зимни он ки рафтори Амрико дар БарҶом мутаориз аст. Онҳо аз як тараф даъвату дархост барои бозгашт ба БарҶомро матраҳ мекунанд ва аз тарафи дигар ҳамзамон таҳримҳои ҷадидро бар зидди Эрон эъмол мекунанд.

Ҷанбаи дувум, дар суханони вазири хориҷаи Эрон, посухи маънодор ба аврупоиҳост, ки бо фишор бар Эрон барои бозгашт ба мизи музокира саъй доранд бидуни тавваҷуҳ ба бадаҳдиҳову илали беэътимодии Эрон ба Амрико, БарҶомро яктарафа иҷро кунанд.

Амрико дар воқеъ агар нигарони гузашти замон ба зарари БарҶом буд, метавонист бо пойбандӣ ба тааҳҳудоташ, монеи эҷоди шароити феълӣ шавад.

Таҷриба нишон медиҳад, замоне метавон моҳияти иқдомоти дипломатии Амрикоро ба дурустӣ таҷзия ва таҳлил намуд, ки сиёсати калони Амрико дар қиболи Эрон мадди назар қарор бигирад.

Ҷо Байден дар шурӯи кори худ ба унвони раиси ҷумҳури Амрико дар мусоҳибае бо «Ню-Йорк Таймс» гуфта буд: «Мо аз тариқи мушовира бо ҳампаймонону шуракои худ, қасд дорем вориди музокироту тавофуқҳои баъдӣ барои таҳкиму тамдиди маҳдудиятҳои ҳастаии Эрон ва расидагӣ ба барномаи мушакии Эрон шавем. Амрико ҳамвора гузинаи бозгардонидани таҳримҳо дар сурати лузумро дар ихтиёр дораду Эрон инро медонад».

Ҳийис Браун, нависандаву таҳлилгари масоили равобити байналмилал бо ишора ба ғайримантиқӣ будани сиёсати Вашингтон дар бораи БарҶом, мегуяд; «Ин рафтор аз сӯи Иёлоти Муттаҳида масхара аст, чун ин мо будем ки ибтидо тавофуқи БарҶомро тарк кардем. Дипломатҳои амрикоӣ наметавонанд аз ин мавзуъ иҷтиноб кунанд ки вазъияти мавҷуд тақсири Иёлоти Муттаҳида аст. Ожонси байналмилалии энержии атомӣ мукаррар то соли 2018 таъйид карда буд, ки Эрон ба мафоди тавофуқ пойбанд буд. Ҳеҷ тавҷеҳе барои хуруҷ аз тавофуқ вуҷуд надошт, албатта, ба ҷуз ин ки "мо хоҳони чизҳои бештаре ҳастем" аммо ин мавзуъ муғойир бо асоси музокирот аз рӯйи ҳусни ният аст».

Дар воқеъи сиёсати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар баробари Эрон, идомаи дипломатия, ҳамроҳ бо фишори ҳаддиаксарии иқтисодӣ аст. Ба ин маъно, ки Амрико ба дунболи он аст, ки бо истифода аз дипломатия ва ҳифзи зерсохти таҳримҳо, Эронро водор ба бозгашт ба БарҶом ва музокира дар мавзӯоти дигар намояд.

Изҳороти Амирабдуллоҳиён ва қазовати рафтори Амрико дар ин замина комилан шаффоф ва мантиқӣ аст. Вазири хориҷаи Эрон гуфт, барои ёфтани муқассир бояд нигоҳҳо ба пойтахтҳои аврупоиҳо ва Вашингтон бошад, на Теҳрон. Эрон дар музокира бар мабнои рафтори амалии амрикоиҳо қазоват мекунад.

 

Бештар бихонед: