Сентябр 27, 2021 16:42 Asia/Dushanbe
  • Ташйиъу хоксупории оятуллоҳ Ҳасанзодаи Омулӣ

Пайкари поки оятуллоҳ Ҳасанзодаи Омулӣ ,олиму файласуфи эронӣ бо ҳузури пуршӯри мардум ташйиъ ва дар зодгоҳаш Омул ба хок супурда шуд .

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, маросими ташйиъи пайкари поки оятуллоҳ Ҳасанзодаи Омулӣ рӯзи душанбе бо ҳузури бошукӯҳи мардум дар шаҳри Омули устони Мозандарон ( шимоли Эрон ) баргузор шуд .
Дар ибтидои ин маросим паёми ҷамъе аз шахсиятҳои миллӣ ва устонӣ дар паи иртиҳоли ин олими раббонӣ қароъат ва маросими навҳахонӣ ва азодорӣ баргузор шуд .
Пайкари мутаҳҳари аллома Ҳасанзодаи омулӣ пас аз ташйиъ дар рустои зодгоҳаш « Аиро » дар Лориҷон ба хок супурда шуд .
Дишаб ( якшанбе ) низ Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманӣ бо ҳузур дар канори пайкари оятуллоҳ Ҳасанзодаи омулӣ дар Теҳрон, зимни қироъати намозу фотиҳа бо он олими раббонӣ ва солики тавҳидӣ видоъ карданд.
Аллома оятуллоҳ Ҳасани Ҳасанзодаи омулӣ ба лиҳози тасаллут ба улуми мухталиф дар байни уламои муосир беназир ва ба ҳамин ҷиҳати мулаққаб ба алломаи зуфунун буд.
Аллома Ҳасанзодаи омулӣ рӯзи шанбе дар сини 93 солагӣ дида аз ҷаҳон фурӯ баст.



Бештар бихонед :

 

Барчасп