Сентябр 28, 2021 15:46 Asia/Dushanbe
  • Посухи Ғарибободӣ ба зиёдахоҳии Ожонси энержии атомӣ ва Ғарб

Сафир ва намояндаи доими Эрон таъкид кард: Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва Ғарб наметавонанд ҳам дар баробари иқдомоти террористии Исроил сукут кунанд ва ҳам хоҳони идомаи назорат аз таъсисоти ҳастаӣ бошанд.

Козими Ғарибободӣ рӯзи душанбе дар вокуниш ба изҳороти намояндагони Амрико ва се кишвари аврупоӣ гуфт: Ҳангоме ки таҷҳизоти назоратии ожонс тавассути режими саҳюнистӣ аз кор меуфтад, аз Эрон интизор надошта бошед муҷаддадан онро бидуни ҳазинае барои ин режим ва бидуни ҳеҷ иқдоме аз сӯи ожонс ва кишварҳои муддаӣ бознасб кунад.

Вай бо баёни ин ки тафоҳуми ахири Эрон ва ожонс ба таври комил ва зарфи замони тавофуқшуда иҷро шуд, гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон низ чигунагии вокуниш ба ин ҳусни нияти худро расад хоҳад кард ва дар ҳар марҳала иқдоми муносибро иттихоз хоҳад намуд.

Шаби гузашта Рафаэл Груси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба кишварҳои узв иттилоъ дод, ки Эрон аз таърихи 20 то 22 сентябр ба бозрасони Ожонси байналмилалии энержии атомӣ иҷозаи сервиси таҷҳизоту мониторҳои назоратӣ ва низ ҷойгузинии кортҳои захирасозӣ дар тамомии маконҳои лозим дар Эрон, ба ҷуз коргоҳи тавлиди қатаоти сентрифуга дар муҷтамаи Тесо дар Караҷро додааст.

Бо ин ҳол мудири кулли Ожонси энержии атомӣ аз манъи насби дурбинҳои ҷадид дар ин муҷтамаъ интиқод ва иддао кард, ин кори мақомоти Эрон бар хилофи тавофуқе аст, ки дар 12 сентябр имзо шудааст.

Баъд аз ин гузориши хилофи воқеи Груси Амрико низ даст пеш гирифта ва муддаӣ шуд, Вашингтон аз гузориши Ожонси энержии атомӣ бисёр нороҳат аст.

Амрико дар идомаи лаффозиҳои худ алайҳи Эрон эълом кард, Теҳрон бидуни таъхир бояд ба ожонс иҷозаи дастрасӣ ба муҷтамаи Караҷро бидиҳад!

 

Барчасп