Сентябр 29, 2021 10:24 Asia/Dushanbe
  • Тахтиравончӣ: Шӯрои амният бояд Исроилро водор ба поёни таҷовуз ба Сурия кунад

Намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти Шӯрои амнияти ин созмон хост, режими Исроилро водор кунад то ба таҷовузоти худ ба ҳокимияту тамомияти арзии Сурия поён диҳад.

Маҷиди Тахтиравончӣ дар ин нишаст бо таъкид бар ин ки таҷовузоти Исроил ба ҳокимияту тамомияти арзии Сурия нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилал аст, афзуд: Иқдомоти хасмонаи режими саҳюнистӣ сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмилалиро таҳдид мекунад.

Тахтиравончӣ дар ин нишаст бар лузуми идомаи мубориза бо гуруҳҳои террористӣ дар Сурия низ таъкид кард ва гуфт: Мубориза бо тамоми гуруҳҳои террористӣ бояд бевақфа идома ёбад, зеро ҳузуру фаъолиятҳои ҷинояткоронаи онҳо амнияту тамомияти арзии Сурия ва ҳамчунин сулҳу амнияти минтақаро таҳдид мекунад.

Намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милал ҳамчунин фаъолиятҳои ҷудоиталабона ва низ ибтикороти номашрӯи худгардонӣ дар Сурияро рад ва ҳар гуна талош барои ҳимоят аз онҳоро маҳкум кард.

Тахтиравончӣ дар поён бо таъкид бар ин ки таҳримҳои якҷониба алайҳи Сурия бояд лағв шаванд, ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон аз мардуму давлати Сурия барои бозгардондани ваҳдату тамомияти арзии кишварашонро такрор кард.

 

Барчасп