Ҷабалӣ: Зарфиятҳову қобилиятҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ҷаҳонӣ аст + видео
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i74642
Раиси ҷадиди Созмони садо ва симои Эрон бо баёни ин ки нигоҳи байналмилалии ин созмон як нигоҳи намоишӣ нест, гуфт: Зарфиятҳову қобилиятҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ҷаҳонӣ аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 29, 2021 15:47 Asia/Dushanbe

Раиси ҷадиди Созмони садо ва симои Эрон бо баёни ин ки нигоҳи байналмилалии ин созмон як нигоҳи намоишӣ нест, гуфт: Зарфиятҳову қобилиятҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ҷаҳонӣ аст.

Паймони Ҷабалӣ, раиси ҷадиди Созмони садо ва симои Эрон дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабаргузории “Эрон Пресс” бо таъкид бар аҳамияти шабакаҳои бурунмарзӣ афзуд: Яке аз сарфаслҳои аслии иқдомоти Созмони садо ва симои Эрон дар давраи ҷадид тақвияти шабакаҳои бурунмарзӣ хоҳад буд.

Ҷабалӣ бо таъкид бар ин ки мардум соҳибони аслии расона ҳастанд, гуфт: Садо ва симо бояд мисдоқи воқеии расонаи мардумӣ бошад, расона садои касоне бошад, ки садояшон ба ҷое намерасад.

Раиси Созмони садо ва симои Эрон гуфт: Тамаддуни навини исломӣ, яъне зимни эҷоди тавлиди муҳтавову барнома барои мухотаби эронӣ, марзҳои мухотабинро фаротар аз мухотабини эронӣ таъриф кунем.

 

Бештар бихонед: