Сентябр 30, 2021 19:05 Asia/Dushanbe
  • Вуруди дуюмин маҳмулаи 6 миллион доза воксани корона ба Эрон

Дабири кулли ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон, аз вуруди дуюмин маҳмулаи 6 миллион доза воксани корона ба кишвар хабар дод.

Муҳаммадҳасан Қавсиён Муқаддам, дабири кулли ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон аз вуруди дуюмин маҳмулаи 6 миллион дозаии воксани коронаи таҳияшудаи ин ҷамъият хабар дод ва гуфт: Дар аввалин ҳафтаи меҳрмоҳ ду маҳмула ба мизони 12 миллион доза воксани корона вориди кишвар шуд, ки ҳар ду маҳмулаи 6 миллион дозӣ, аз навъи Синуформ ва барои синини зери 17 сол будааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмуъ ин ҷамъият аз шаш моҳи пеш то кунун 52 миллиону 390 ҳазор доза воксан ба Эрон ворид кардааст.

 

Барчасп