Паёми табрикии раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО ба Паймони Ҷабалӣ
(last modified Thu, 30 Sep 2021 14:17:38 GMT )
Сентябр 30, 2021 19:17 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО ба Паймони Ҷабалӣ

Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО дар паёме интисоби Паймони Ҷабалиро ба унвони раёсати Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон табрик гуфт.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Муассисаи фарҳангии ЭКО (Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ - СҲИ), Сарвар Бахтӣ, раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО дар паёми худ ибрози умедворӣ карда, ки бо ҳузури Паймони Ҷабалӣ ва таҷориби арзандаи вай дар ҳавзаи расонаҳои бурунмарзӣ, ҳамкориҳои муштараки Муассисаи фарҳангии ЭКО ва Садову Симо дар ростои густариши иштирокоти фарҳангӣ ва дӯстӣ миёни миллатҳои ин ҳавзаи тамаддунии дерин, қавому давоми бештаре ёбад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе тайи ҳукме Паймони Ҷабалӣ, муовини бурунмарзии Садо ва симоро ба раёсати расонаи миллӣ мансуб карданд.