Press TV сервиси ибрии худро роҳандозӣ кард
-
Логои "Пресс ТВ" ба забони ибрӣ
Порс-Тудей. Шабакаи “Пресс ТВ” (Press TV) расман сервиси хабарӣ ба забони ибрии худро барои дастёбӣ ба мухотабони ибризабон дар саросари ҷаҳон роҳандозӣ кард.
Сервиси ибрии шабакаи “Пресс ТВ” аз тариқи як ҳисоби фаъол дар X (Твиттери собиқ) бо номи корбарии @PresstvHebrew ва як канали ихтисосӣ дар Telegram бо ҳамон ном (@PresstvHebrew) дар дастрас аст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, вебсайти комили ин сервис дар ояндаи наздик роҳандозӣ хоҳад шуд.
Муҳтавои ин сервис шомили ахбор, таҳлилҳои амиқу тафсир дар мавриди таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ хоҳад буд.
Муовинати бурунмарзии Созмони Садо ва Симои Эрон, маъмурияти аслии ин шабакаро эҷоди дастрасии мухотабони ибризабон ба ривоятҳои мустақилу муътабар аз таҳаввулоти минтақаву ҷаҳон унвон кард. Ин дар ҳоле аст, ки фазои расонаии ибрӣ дар солҳои ахир бо маҳдудияту сонсури густарда мувоҷеҳ буда ва роҳандозии ин сервис метавонад масири тозае барои дастрасии мустақими мухотабон ба иттилооту таҳлилҳои мутафовит фароҳам кунад.
Аҳмади Наврӯзӣ, муовини бурунмарзии Созмони Садо ва Симои Эрон дар паёми расмии худ ба забони ибрӣ бо ишора ба шароити расонаӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ изҳор дошт: “Дар тӯли ҷанг бо Эрон, режими Исроил болотарин сатҳи сонсурро бар расонаҳои ибрӣ эъмол кард. Онҳо аз огоҳӣ нисбат ба воқеият ҳарос доранд ва “Пресс ТВ”-и ибрӣ ҳақоиқи пинҳоншударо ошкор хоҳад кард”.