Эҳёи Роҳи Абрешим иқдоме муҳим барои афзоиши табодулоти иқтисодии кишварҳои минтақа
Гумруки марзии Дуғорун бояд ба Тоҷикистон ва Узбакистон муттасил шавад.
Муътамидиён, устондори Хуросони Разавӣ дар нишасти баррасии мавонеъ ва тавсеаи таомулоти иқтисодӣ бо туҷҷору фаъолони кишварҳои ҳамсоя бо меҳварияти кишвари Афғонистон гуфт: Ҳамвора сиёсати мудирияти устон бар ин будааст то бо осонсозии шароиту фароҳамсозии имконот ва зерсохтҳои лозим, бистари ҳамкориҳои дуҷонибаро густариш диҳад.
Муътамидиён бо баёни ин ки ҷазби сармоягузории хориҷӣ аз авлавиятҳои мудирияти устон аст, гуфт: Хуросони Разавӣ дар ҳавзаи тиҷорати байналмилал ҳамвора яке аз қутбҳои кишвар ба шумор меравад, беш аз 60 дарсади содироти кишвар ба Афғонистон аз тариқи марзи Дуғоруни ин устон, аз шаҳристони Тойбод анҷом мешавад.
Вай афзуд: Ба дунболи тавсеаи иртиботот ва содирот ҳастем, мизони мубодилоти тиҷорӣ бояд афзоиш пайдо кунад, дар ҳамин росто дар як соли гузашта талош бар ин будааст, ки баҳси тиҷорат равонсозӣ шавад.
Устондори Хуросони Разавӣ бар рафъи мавонеъ дар арсаи сармоягузорӣ таъкид кард ва гуфт: Дар чаҳорчӯби қавонини Ҷумҳурии исломии Эрон, омодагӣ дорем дар хидмати сармоягузорону фаъолони иқтисодии кишварҳои ҳамсоя бошем.
Муътамидиён идома дод: Хуросони Разавӣ устоне паҳновар аст ва зарфиятҳои иқтисодии болое дорад. Ин дар ҳоле аст, ки зарурат дорад ҳавзаи тиҷорати устон бо кишварҳои Осиёи Миёна тақвияту густариш пайдо кунад.