Муҳоҷирати 1 миллион шаҳрванди Қирғизистон ба хориҷ
Раиси бахши муҳоҷирати хориҷии Вазорати умӯри хориҷаи Қирғизистон аз муҳоҷирати як миллион қирғиз ба хориҷ аз ин кишвар хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон аз Бишкек, Тиштанбек Каймазаров-раиси бахши муҳоҷирати хориҷии Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон дар нишасти муштарак бо созмонҳои муҳоҷирати байналмиллалӣ ба афзоиши муҳоҷирати шаҳрвандони қирғиз баъд аз шуюъи вируси корона ишора ва хотирнишон кард, ки бештари қирғизҳо озими Русия, Туркия ва Қазоқистон шуданд.
Бар асоси гузориши Созмони байналмиллалии муҳоҷират 35 дарсад муҳоҷирон барои беҳбуди вазъияти иқтисодии худ Қирғизистонро тарк карданд ва 16 дарсад ҳам ба хотири ояндаи ҳирфаӣ ва 13 дарсад ба далоили хонаводагӣ муҳоҷират карданд .
Ҳамчунин мутолиа нишон медиҳад ки фарояндҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ дар Қирғизистон ва корона ҳам ба афзоиши ҷараёни муҳоҷират аз ин кишвар боис шудааст .
Бештар бихонед :