Октябр 04, 2021 13:46 Asia/Dushanbe
  • Яке аз стратегияҳои муҳими Эрон тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳамҷавор дар Осиёи Марказӣ аст
    Яке аз стратегияҳои муҳими Эрон тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳамҷавор дар Осиёи Марказӣ аст

Эрон ва Туркманистон дар ин мавзуъ иттифоқи назар доранд, ки тақвияти ҳамкориҳо байни кишварҳои ҳамсоя метавонад ба эҷоди тафоҳум ва тақвияти дӯстиҳову рафъи буҳронҳо ва ҳалли ихтилофот дар байни кишварҳои минтақа кумак кунад.

Ин мавзуъ дар гуфтугӯи вазирони хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Туркманистон мавриди таъкид қарор гирифт. Рашид Муродов, вазири умури хориҷаи Туркманистон рӯзи якшанбе дар тамоси телефонӣ бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, дидори ахири руасои ҷумҳурии ду кишвар дар Тоҷикистонро нуқтаи атфе дар равобит донист ва бар пайгирӣ ва иҷрои тафоҳумоти ба амаломада байни руасои ҷумҳурӣ таъкид кард.

Тавофуқи вузарои хориҷаи Эрон ва Туркманистон бар густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба

Охирин вазъияти равобити ду кишвар ва баргузории нишасти сарони кишварҳои узви созмони ЭКО аз мавзӯоте буд, ки дар ин гуфтугӯ мавриди табодули назар қарор гирифт.

Ҷумҳурии исломии Эрон ба дунболи доштани беҳтарин равобит бо ҳамсоягон аст. Яке аз стратегияҳои муҳими Эрон дар ин ҷиҳат, тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳамҷавор дар Осиёи Марказӣ, кишварҳои ҳошияи Хазар ва иттиҳодияҳои минтақаие назири Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Созмони Ҳамкории Иқтисодии ЭКО аст. Ҷумҳурии исломии Эрон бо 15 кишвар дорои марзҳои хокӣ ва обӣ аст. Покистон, Афғонистон, Туркия, Ироқ, Арманистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркманистон бо Эрон марзи хокӣ доранд. Ҳамчунин Кувайт, Қатар, Имороти муттаҳидаи арабӣ,  Баҳрайн, Уммон, Арабистон, Русия ва Қазоқистон ҳашт кишваре ҳастанд, ки аз тариқи халиҷи Форс, дарёи Уммон ва дарёи Хазар бо Эрон ҳамсоя ба шумор мераванд.

Зарфиятҳои Эрон дар замининаи ҳамлунақли таркибӣ аз муаллафаҳое аст, ки дар тақвияти ҳузури Эрон дар бозорҳои минтақа нақши муҳиме дорад. Коршиносони иқтисодӣ зарфияти мубодилоти тиҷорӣ миёни Эрон ва ҳамсоягонро, ки қобилияти амалӣ шудан дорад, байни 40 то беш аз 150 миллиард доллар дар сол баровард мекунанд. Эрон бо доро будани як дарсади ҷамъияти ҷаҳон, дорои 7 дарсади захоири маъдании ҷаҳон аст ва бо манобеи азими зеризаминӣ, аз мавқеияти истисноии ҷуғрофиёӣ миёни Шарқу Ғарб ва Шимолу Ҷануб бархӯрдор аст.

Назрӣ Шафеӣ, коршиноси масоили байналмилал бо таъкид бар аҳамияти тақвияти равобити минтақаӣ, истифода аз дипломатияи иқтисодиро дар эҷоди равобити мутавозин дорои аҳамият медонад ва муътақид аст, ки Эрон метавонад бо густариши иртибототи худ бо кишварҳои ҳамсоя, аз тамоми тавону зарфияти худ ба хубӣ истифода кунад.

Барои бисёре аз кишварҳои ҳамсоя Эрон як шарики тиҷории хуб, бо колоҳои бокайфият ба шумор меравад. Ҳамиди Зодбум, раиси Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон бо баёни ин ки мизони содироти Эрон ба 15 кишвари ҳамсоя ҳудуди 25 миллиард доллар аст, ҳаҷми ин тиҷорат барои Эронро қобили афзоиш то беш аз 100 миллиард доллар медонад.

Истифода аз ин зарфиятҳо дар шароити кунунӣ, ки Амрико саъй дар мунзавӣ кардани Ҷумҳурии исломии Эрон аз тариқи эъмоли таҳримҳо дорад, аз аҳамияти зиёде бархурдор аст. Илова бар ин, ҳар чӣ дарҳамтанидагии иқтисодӣ миёни ҳамсоягон муҳкамтар бошад, таъсири он бар тақвияти равобити сиёсӣ – амниятӣ ва муқобила бо таҳдидҳои ҷамъӣ асаргузортар  хоҳад буд. Ба ҳамин далел, иртиқои мутавозини равобити иқтисодӣ ва сиёсӣ дар коҳиши танишҳо ва рафъи ихтилофот аҳамияте роҳбурдӣ пайдо мекунад.

Эрон ва Туркманистон дар ин замина дидгоҳи ҳамсӯ доранд ва барои тавсеаи равобит зерсохтҳои муносиберо эҷод кардаанд ва акнун дар фасли ҷадид аз равобит мусаммам ба пайгирӣ ва тавсеаи ин ҳамкориҳо ҳастанд.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон дар дидор бо Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳошияи иҷлоси ахири сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе, бо ибрози хурсандӣ аз равобити дӯстонаи кишвараш бо Ҷумҳурии исломии Эрон, бар фаъолтар кардани зарфиятҳои транзитӣ байни Эрон ва Туркманистон таъкид кард ва гуфт, ин тасмим нақши қобили таваҷҷуҳе дар иртиқои сатҳи таомулоти иқтисодӣ ва тиҷорӣ байни ду кишвар хоҳад дошт.

Ин азми муштарак қатъан ба суди ду тараф хоҳад буд ва метавонад ба унвони як улгӯ бо соири кишварҳои ҳамсоя низ иҷро шавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп