Сафари устондори Хуросони разавӣ ба Кобул
(last modified Mon, 04 Oct 2021 13:33:50 GMT )
Октябр 04, 2021 18:33 Asia/Dushanbe

Устондори Хуросони разавӣ бо ҳадафи баррасӣ ва ҳалли мушкилоту мавонеъи тавсеъаи тиҷорату транзит миёни Хуросони разавӣ ва Афғонистон вориди Кобул шуд.

Ба гузориши Беҳноми Яздонӣ-хабарнигори бахши байналмиллали­и ­­хабаргурозии Садову Симо аз Кобул, устондори Хуросони разавӣ бо ҳадафи баррасӣ ва ҳалли мушкилоту мавонеъи тавсеаи тиҷорату транзити миёни Хуросони разавӣ ва Афғонистон вориди Кобул шуд.

Муҳаммадсодиқи Муътамидиён-дар оғози вуруд ба Кобул дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабаргузории Садо ва Симо дар Кобул бо ишора ба муштаракоти амиқи фарҳангӣ, забонӣ, торихиу динии миёни Эрон ва Афғонистон гуфт : Бо тавваҷуҳ ба муштаракоти фаровоне байни ду миллати Эрону Афғонистон зарурат эҳсос шуд, ки ба Кобул сафар кунам ва аз наздики вазъияти тиҷорату транзити Афғонистон бо Ҷумҳурии исломии Эрон ба вижа Хуросони разавиро баррасӣ кунем .
Вай афзуд : Бо тавваҷуҳ ба шароити хоси мардуми Афғонистон дар ин сафар вазъияти мардуми ин кишвар бавижа муҳимтарин ниёзҳои онҳо ба кумакҳои башардӯстонаро низ баррасӣ хоҳем кард, то бар асоси он иқдомоти лозим сурат бигирад .

Муътамидён зимни таъйиди вуҷуди бархе мушкилоту мавонеъ дар масири тавсеъаи тиҷорат миёни Эрон ва Афғонистон гуфт : Устони Хуросони разавӣ бо Афғонистон сесад километр марзи муштарак дорад ва муҳимтар аз он  гузаргоҳи марзии Дуғорун низ, ки 60 дарсади тиҷорати Эрону Афғонистон аз ин гузаргоҳ анҷом мешавад, дар марзи муштарак бо Хуросони разавӣ воқеъ шудааст.
Устондори Хуросони разавӣ ҳамчунин гуфт : Бо тавваҷуҳ ба шароити коронаӣ дар Афғонистон қарор аст як маҳмӯлаи эҳдоии Ҷумҳурии исломии Эрони шомили ниқоб, кислород ва таҷҳизоти мавриди ниёз барои мубориза бо корона дар
ихтиёри мардуми Афғонистон қарор гирад .

Мавлавӣ Абдуқайюми Рӯҳонӣ-устондори Толибон дар Ҳирот низ дар гуфтугӯе бо хабаргузории Садо ва Симо тасреҳ кард : Мо ( Эрону Афғонистон ) душмани муштаракро шикаст додем .
Вай бо таъкид бар ҳифзи ҳусни ҳамҷаворӣ миёни Эрону Афғонистон хотирнишон кард : Вуҷуди бархе мушкилот дар марзҳои муштараки Эрону Афғонистон як масаълаи табиӣ аст, аммо мо аз мушкилоти мавҷуд огоҳ ҳастем ва посгоҳҳоеро низ барои беҳбуди вазъияти амнияти марзӣ фаъол кардаем ва умедворем амният дар марзҳоямон бо Эрон ҳарчӣ беҳтар таъмин шавад.