Октябр 05, 2021 16:54 Asia/Dushanbe
  • Паёми ташаккури Раҳбари инқилоб аз ифтихорофаринони тими миллии куштии Эрон

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ душанбешаб дар паёме аз ифтихорофаринони тими миллии куштии озоди Ҷумҳурии исломии Эрон ташаккур карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, дар пайи ифтихорофаринии паҳлавонони куштии Ҷумҳурии исломии Эрон дар рақобатҳои куштии озоди қаҳрамонии ҷаҳон ва касби медалҳои тиллову нуқра дар шаби гузашта ва имшаб, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме аз онон ташаккур карданд.

Ҷумҳурии исломии Эрон то кунун дар рақобатҳои куштии озоди қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар Норвегия дар ҳоли баргузорӣ аст, муваффақ ба касби ду медали тилло тавассути Ҳасани Яздонӣ ва Амирҳусайни Зореъ ва се медали нуқра тавассути Амирмуҳаммади Яздонӣ, Муҳаммади Нахудӣ ва Алиризо Сарлак шудааст.

Рақобатҳои куштии озоди қаҳрамонии ҷаҳон аз шанбеи гузашта оғоз ва то сешанбе бо шинохти тимҳову нафароти бартар ба поён мерасад.

 

Барчасп