4 мошини транзитии афғон дар оташ сӯхтанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i74990-4_мошини_транзитии_афғон_дар_оташ_сӯхтанд
Чор мошини транзитии Афғонистон дар гумруки Догарун оташ гирифтанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 05, 2021 20:17 Asia/Dushanbe

Чор мошини транзитии Афғонистон дар гумруки Догарун оташ гирифтанд.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, мудири иҷроияи Минтақаи махсуси иқтисодии Дугарун дар устони Хуросони Разавии Эрон, мегӯяд, 4 мошини транзитии афғон дар гумруки Дугарун оташ гирифтаанд.

 Охундзода афзуд: "Чаҳор мошини транзитии афғон дар минтақаи махсуси гумруки марзии Доғарун оташ гирифтанд."

Сабаби дақиқи сӯхтор то ҳол маълум нест.

Гуфта мешавад, ки мошинҳои дигари таваққуфшуда барои пешгирии паҳншавии оташ ба дигар минтақаҳо кӯчонида шудаанд.

Дар бораи ҳаҷми хисорот ба мошинҳои боркаш то ҳол хабар дода нашудааст.