Тавсияи Имом Ризо (а) барои дармони зуком
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i75024-Тавсияи_Имом_Ризо_(а)_барои_дармони_зуком
Сиёҳдона хавоси дармонии зиёде дорад ва барои дармони бисёре аз бемориҳо муфид аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 06, 2021 10:34 Asia/Dushanbe
  • Тавсияи Имом Ризо (а) барои дармони зуком

Сиёҳдона хавоси дармонии зиёде дорад ва барои дармони бисёре аз бемориҳо муфид аст.

Имом Ризо алайҳис-салом дар бораи хавоси эъҷобангези сиёҳдона мефармояд : Дар сиёҳдона баракат аст . Дар чиҳил чизи Худованд(ҷ) баракат қарор дода аз донагиҳо ва ҷамодот ҳам сиёҳдонаро баргузидааст .
Мутобиқи тавсияи Имом Ризо алайҳис-салом сиёҳдона ва бӯидани гули наргис хосияти эминӣ дар баробари зукомро доранд. Имом Ризо ( а ) мефармояд : Гули наргис бӯед ; зеро аз зуком эминӣ мебахшад ва ҳамчунин аст сиёҳдона.
Сиёҳдона дорои хавоси бисёр зиёде аз ҷумла дар дармони саратонҳо, дармони захми меъда, нобудии заҳрҳо дар ҷигар ва низ танзими системаи ҳозимаи бадан дорад.