Октябр 08, 2021 20:45 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон барои ироаи кумакҳои имдодӣ ба мардуми Балучистони Покистон

Вазири умури хориҷаи Эрон омодагии Эронро барои ироаи кумакҳои имдодӣ ба мардуми Балучистони Покистон дар пайи вуқӯи заминларза дар ин иёлат эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз (ҷумъа) дар паёме маротиби ҳузну андӯҳи миллату давлати Ҷумҳурии исломии Эрон дар хусуси вуқӯи зилзила дар иёлати Балучистони Покистонро, ки мунҷар ба куштаву захмӣ шудани даҳҳо нафар аз атбои кишвари дӯст ва ҳамсоя шуд, иброз кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон зимни баёни ҳамдардии давлату мардуми Ҷумҳурии исломии Эрон бо мақомоту мардуми Покистон, омодагии Эронро барои ироаи кумакҳои имдодӣ ба мардуми ин кишвар эълом кард.

Бар асари вуқӯи зилзилае шадид дар бахшҳое аз иёлати Балучистони Покистон, дастикам 20 тан ҷон бохта ва 300 нафари дигар низ захмӣ шуданд.

 

 

Барчасп