Октябр 10, 2021 14:42 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Сурия: Чашмандози равшан дар равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои роҳбурдии минтақаӣ

Эрон ва Сурия дар канори ҳам дар арсаи мубориза бо терроризми иқтисодӣ ва кумак ба мардуми ду кишвар гомҳои баланде бархоҳанд дошт.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон ин мавзӯро дар дидор бо мақомҳои Сурия дар Димишқ, ки рӯзи шанбе ва дар идомаи сафари вай ба Русия ва Лубнон анҷом шуд, мавриди таъкид қарор дод.

Яке аз авлавиятҳо дар дипломатияи давлати сенздаҳум тақвияти равобит бо кишварҳои минтақа бо рӯйкард ба тақвияти суботу амнияти ҷамъӣ дар минтақа, тавсеаи муносиботи иқтисодии ду ва чандҷониба ва тарғиби кишварҳои минтақа ба мушорикат дар ҳаллу фасли муноқишоти минтақаӣ бидуни даъват аз бегонагон аст.

Ин стратегия сабаби тағйир дар муодилоти амниятӣ ва низомӣ ба суди кишварҳои минтақа шудааст. Шикасти тавтеаи Амрико – Исроил ва бархе муттаҳидони минтақаии онҳо дар Сурия ва Ироқ, ки бо ҳадафи таҷзияву тарсими марзҳои ҷадид дар кишварҳои минтақа тарроҳӣ шуда буд, аз натоиҷи муҳим дар ин замина аст. Таҳаввулот ва рухдодҳои сиёсӣ дар ғарби Осиё, ки тозатарин мавриди он хуруҷи хиффатбори низомиёни Амрико аз Афғонистон аст, аз нишонаҳои ин тағйирот аст.

Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия дар дидори вазири хориҷаи Эрон,  хуруҷи Амрико аз Афғонистонро нишонаи зуҳури меҳварҳои ҷадид ва уфулу заволи меҳвари ғарбӣ донист ва гуфт: Кишварҳои минтақаву ҳамсояи Афғонистон медонанд, ки Амрико масъулияти эъмолу сиёсатҳояш дар Афғонистонро намепазирад ва Ҷумҳурии исломии Эрон ин зарфиятро дорад ва бояд барои ба муваффақият расидани таҳаввулоти Афғонистон, бо кишварҳои ҳамсояи он ва соири кишварҳои соҳибнақш вориди музокира шавад.

Сурия агарчӣ дар майдони мубориза ба пирӯзиҳои чашмгире даст ёфтааст, аммо дар хусуси таҳаввулоти Идлиб ва хотимаи ишғолгариву поксозии ҳамаи манотиқи таҳти ишғол бояд роҳи муборизаву тақвияти вифоқи миллиро идома диҳад ва дар ин роҳ Эрон барои кумак ба Сурия кӯтоҳӣ нахоҳад кард.

Абдулбори Атвон, таҳлилгари масоили сиёсии ҷаҳони араб бо таъкид бар ин ки ҳузури низомии Эрон дар Сурия ваҷҳаи қонунӣ дорад, тасреҳ мекунад: Ин ҳузур дарбардорандаи як паёми дугона ба Амрико ва Исроил ва намоёнгари як эътилофи роҳбурдии дарозмуддат миёни Эрон ва Сурия аст ва Амрикову Исроил набояд дар орзӯи хуруҷи Эрон аз Сурия бошанд.

Ин ҳамкории стратегӣ дар воқеъ посухи амале ба қонуни амрикоии “Қайсар” аст, ки дар садад аст миллати Сурияро ба гуруснагӣ бикашанду фароянди бозсозии ин кишварро дучори мушкил кунад.

Таъсири дигари ин таомули дусӯя, суръат бахшидан ба иҷрои тавофуқоти дуҷониба аст, ки ду миллат аз он суд хоҳанд бурд. Эрон, Сурия, Ироқ ва Лубнон бо убур аз марҳалаи сахту пурхатари ҷангу муноқишоти минтақаӣ мусаммам ба тақвияти равобити ду ва чандҷониба дар ҳавзаҳои мухталифи тиҷорӣ, иқтисодӣ ва соири арсаҳо ҳастанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин ки Эрон ва Сурия ба гуфтугӯҳо дар сутӯҳи мухталифи сиёсӣ ва иқтисодӣ идома медиҳанд, аз сафари Файсал Миқдод, вазири умури хориҷаи Сурия дар рӯзҳои оянда ба Теҳрон хабар дод ва гуфт, ин таъйиде бар ин аст, ки вазорати хориҷаҳои ду кишвар мусаммам ҳастанд иродаву нияти руасои ҷумҳурро амалӣ кунанд.

Бо тавваҷуҳ ба дидорҳову тавофуқоти густарда миёни мақомоти олии ду кишвар, ки нишонаи умқи равобити миёни Эрон ва Сурия аст, метавон гуфт, ки акнкн чашмандози равшан дар масири ҳамкориҳои роҳбурдии ду кишвар дар чорчӯби манофеи миллӣ ва масолеҳи ҷамъӣ дар минтақа тарсим шудааст.