Қавитарин душмани сахтиҳо чист? Ҳадисҳое аз Паёмбари ислому аҳли байташон дарбораи сабр
-
Зани фаластинӣ дар асорати режими саҳюнистӣ
Порс-Тудей. Cабр , яке аз муҳимтарин вижагиҳои инсонӣ аст, ки дар омӯзаҳои динӣ ва фалсафӣ нақши вижа дорад .
Дар зиндагии рӯзмарра , ҳамаи инсонҳо бо чолишҳоу мушкилоте рӯбарӯ мешаванд, ки мумкин аст онҳоро дар расидан ба ҳадафҳояшон дилсард кунад, аммо аз дидгоҳи омӯзаҳои исломӣ , сабр ба унвони яке аз калидитарин абзорҳо барои муқобила бо сахтиҳо матраҳ аст . Дар ин матлаб аз Порс-Тудей нигоҳе ба суханони Паёмбари ислому хонадонаш дарбора сабр андохта шудааст .
Имон
- Паёмбари ислом
إِنَّ الإِيمَانَ نِصْفَانِ، نِصْفٌ فِي الصَّبْرِ وَ نِصْفٌ فِي الشُّكْرِ.
Имони ду нима дорад , ниме аз он дар сабр аст ва ниме аз он дар шукр наҳуфта аст . (Наҳҷул-фасаҳа /1070)
Ҷойгоҳи сабр
- Имом Алӣ (а) васӣ у ҷонишини Паёмбари ислом :
الصَّبْرُ فِي الْأُمُورِ بِمَنْزِلَةِ الرَّأْسِ مِنَ الْجَسَدِ فَإِذَا فَارَقَ الرَّأْسُ الْجَسَدَ فَسَدَ الْجَسَدُ فَإِذَا فَارَقَ الصَّبْرُ الْأُمُورَ فَسَدَتِ الْأُمُورُ.
Сабр дар корҳо ҳамонанди сар дар бадан аст , ҳамонтур, ки вақте сар аз бадан ҷудо шавад , бадан фосид мешавад , ҳангомии ҳам, ки сабр аз корҳо ҷудо шавад корҳо табоҳ мешавад . (Биҳорул-Анвор, 71/73)
Душмани сахтиҳо
- Имом Алӣ (а)
أَقْوَى عَدُوِّ الشَّدَائِدِ الصَّبْرُ.
Қавитарин душмани сахтиҳо сабр дар баробари онҳост . (Ғурарул-ҳикам, 2/2908 )
Пирӯзӣ
- Имом Алӣ (а)
الصَّبْرُ كَفِيلٌ بِالظَّفَرِ.
Сабр зомини пирӯзӣ аст . (Ғурарул-ҳикам, 1/760)
Сифатҳои паёмбарони илоҳӣ
- Имом Алӣ (а)
إِنَّ الصَّبْرَ وَحُسْنَ الْخُلُقِ وَالْبِرَّ وَالْحِلْمَ مِنْ أَخْلاقِ الْأَنْبِيَاءِ.
Сабру ахлоқи некӯ ва бурдборӣ аз ахлоқ паёмбарон аст . (Биҳорул-Анвор, 71/92)
Сабр дар роҳи ҳаққ
- Имом Cаҷҷод (а) фарзанди Имом Ҳусайн (а):
يَا بُنَيَّ اصْبِرْ عَلَى الْحَقِّ وَ إِنْ كَانَ مُرًّا
Дар роҳи ҳаққ , сабр ва бурдборӣ дошта бош, агар чи талх бошад . (Биҳорул-Анвор, 71/77)