Октябр 12, 2021 17:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳавопаймои ҳомили бастаҳои кумакии Эрон ба Қундӯз расид

Маҳмулаи бузурги кумакҳои инсондӯстонаи Ҷумҳурии исломии Эрон барои мардум ва ҳодисадидагони террористии Қундӯзи Афғонистон фароварда шуд.

Сафорати Эрон дар Кобул рӯзи сешанбе эълом кард: Ҳавопаймои ҳомили кумакҳои инсондӯстонаи дору ва маводи пизишкӣ ҷиҳати маҷрӯҳину хонаводаҳои шуҳадои ҳодисаи террористии масҷиди шиаён дар Қундӯзро шомил мешавад.

Масҷиди ҷомеъи шиаён дар шаҳристони Сайидободи вилояти Қундӯз рӯзи ҷумъаи 16 меҳр мавриди ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ки бар асари он беш аз сад нафар аз намозгузорони шаҳид ва 200 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.

Панҷумин маҳмулаи кумакҳои башардӯстонаи Эрон низ ҳафтаи гузашта ба вазни 50 тон шомили маводи ғизоӣ, дору ва курпаву соири ақломи мавриди ниёзи мардуми Афғонистон ба Кобул расид.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп