Идомаи садрнишинии тими миллии футболи Эрон дар муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i75394-Идомаи_садрнишинии_тими_миллии_футболи_Эрон_дар_муқаддамотии_Ҷоми_Ҷаҳонӣ
Тими миллии футболи Эрон дар чаҳорумин дидори марҳалаи муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳонии футболи Қатар - 2022 муқобили Кореяи Ҷанубӣ дар варзишгоҳи Озодӣ ба тасовӣ расид.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 13, 2021 13:03 Asia/Dushanbe
  • Идомаи садрнишинии тими миллии футболи Эрон дар муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳонӣ

Тими миллии футболи Эрон дар чаҳорумин дидори марҳалаи муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳонии футболи Қатар - 2022 муқобили Кореяи Ҷанубӣ дар варзишгоҳи Озодӣ ба тасовӣ расид.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, тими миллии футболи Эрон сешанбе дар чаҳорумин дидори марҳалаи муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳонӣ дар Осиё муқобили Кореяи Ҷанубӣ дар варзишгоҳи Озодӣ бо тасовии як - як мутаваққиф шуд, аммо бо 10 имтиёз дар садри ҷадвали гуруҳи A боқӣ монд.

Ибтидо тими миллии футболи Кореяи Ҷанубӣ дар дақиқаи 49 ба гол расид, ки бо голи дақиқаи 76 Алиризо Ҷаҳонбахш бозӣ мусовӣ шуд.

Тими миллии Эрон бо ин тасовӣ 10 имтиёзӣ шуд ва дар садри ҷадвали гуруҳи A ва тими миллии Кореяи Ҷанубӣ низ бо 8 имтиёз дар радаи дувум қарор гирифт.