Октябр 13, 2021 19:30 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкари Мӯсавӣ: Неруҳои мусаллаҳ дӯшодӯши миллат дар муқобили душманон истодаанд

Фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон даст дар дасти ҳам, дӯшодӯши миллати Эрон дар муқобили душманон якпорча ва мустаҳкам меистанд.

Амири сарлашкар Сайидабдураҳими Мӯсавӣ дар ҳошияи размоиши муштараки “Мудофеони осмони вилоят – 1400” бо таъкид бар ин ки аз даврони Дифои муқаддас кори муштараки артишу сипоҳ шураъ шудааст, гуфт: Нерӯҳои мусаллаҳи мо даст дар дасти ҳам, дӯшодӯши миллати Эрон дар муқобили душманон якпорча ва мустаҳкам меистанд ва дар муқобили ҳар таҳдиде, ки бихоҳад мутаваҷҷеҳи ин сарзамину ормонҳои мо бошад, хоҳанд истод.

Сарлашкар Мӯсавӣ таъкид кард: Нерӯҳои падофанди ҳавоии Эрон комилан омода ҳастанд, ки дар баробари ҳар таҳдиде аз ин кишвар дифоъ кунанд.

Фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ба нақши муассири неруи ҳавоӣ дар размоиши муштараки тахассусии падофанди ҳавоии “Мудофеони осмони вилоят – 1400” ишора ва хотирнишон кард: Пуштибонии қудратманди нерӯи ҳавоии артиш дар ин размоиш ва иҷрои пурҳаҷми парвозҳои босарншин ва бидунисарнишин баёнгари он аст, ки ддиловармардони ин неру даст дар дасти ҳамразмони худ дар сангари падофанди ҳавоӣ, омодаи дифои ҳамаҷониба аз осмони Эрони исломӣ ҳастанд.

Размоиши муштараки тахассусии падофанди ҳавоии “Мудофеони осмони вилоят – 1400” бо густаришу истиқрори сомонаҳои бумии мушакӣ, радарӣ, иттилооти шиносоӣ ,ҷанги электронӣ, сомонаҳои иртиботӣ ва шабакаи дидабонии басарӣ дирӯз, сешанбе дар минтақаи кавири марказии Эрон оғоз шуд.