Октябр 14, 2021 00:13 Asia/Dushanbe
  • Дидори устондори марказии Эрон бо дабири аввали Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон

Тоҷикистон метавонад маконе барои сармоягузории мутахассисони эронӣ бошад.

Дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон гуфт: Тоҷикистон зарфиятҳои табиии бисёре дорад ва метавонад фурсати мусоид барои сармоягузории мутахассисони эронӣ бошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маъруфҷон Абдураҳмон шомгоҳи бистуми меҳрмоҳ (12 октябр) дар нишаст бо Сайид Алӣ Оқозода, устондори устони марказии Эрон, бо ишора ба шабоҳатҳои таърихӣ, ҷуғрофиёӣ ва фарҳангӣ байни устони марказии Эрон ва Тоҷикистон изҳор дошт: 93 дарсади қаламрави Тоҷикистон кӯҳистонӣ аст ва ин кишвар дорои  зарфиятҳои бузурги маъдани санг мебошад. Тоҷикистон пас аз касби истиқлол тамаркузи худро бар арсаи кишоварзӣ равона кард ва аз соли гузашта яке аз аҳдофи стратегии худро тавсеаи саноат қарор додааст.

Ба гуфтаи масъули бахши иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон, равобити Эрону Тоҷикистон аз рӯзҳои ибтидои истиқлоли Тоҷикистон оғоз ва равобити дипломатӣ барқарор шуд ва дар ҳоли ҳозир 180 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар вуҷуд дорад, ки заминаҳои ҳамкориро фароҳам кардааст.

Маъруфҷон Абдураҳмон баён кард, ки ду кишвари Тоҷикистон ва Эрон потенсиалҳои истифоданашудаи зиёде доранд ва метавон ҳамкории дуҷонибаи ин ду кишварро тавсеа бахшид. Зеро таомулоти тиҷории ду кишвар дар ҳашт соли ахир аз 300 миллион доллар ба камтар аз 60 миллион доллар коҳиш ёфта ва дар сафари ахири доктор Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон пешбинӣ шуд, ки мизони таомулоти тиҷорӣ ба 500 миллион евро афзоиш ёбад.

Ҳамзамон, имрӯз ( чаҳоршанбе – 13 октябр) сенздаҳумин Намоишгоҳи байналмилалии санъати санги Эрон дар шаҳристони Маҳаллот ифтитоҳ шуд, ки сафирон ва намояндагони кишварҳои Африқои Ҷанубӣ, Бангладеш, Индонезия, Чехия ва Тоҷикистон аз ҷумлаи ширкаткунандагони ин намоишгоҳ ба шумор меоянд.

 

Дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон, ки дар ин намоишгоҳ ҳузур дошт, пешниҳод кард: Метавон байни устони марказии Эрон ва яке аз вилоятҳои Тоҷикистон санади бародархондагӣ ба имзо расонд. Дар ин росто имзои санадҳои ҳамкорӣ байни утоқҳои бозаргонии  ин устон ва Тоҷикистон ва баргузории намоишгоҳҳои муштарак заминаи муаррифии тавлидоти ин устонро муҳайё мекунад ва барои дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаи саноатии Тоҷикистон, ба хусус  дар ҳавзаи санг метавон аз тавони мутахассисони устони марказии Эрон истифода кард.

Намоишгоҳи байналмилалии санъати санги Эрон

 

 

Маъруфҷон Абдураҳмон изофа кард: Тоҷикистон зарфияти табиие монанди санг дорад. Эрон ва мутахассисони устони марказӣ метавонанд дар Тоҷикистон бар рӯйи корхонаҷоти тавлидӣ сармоягузорӣ кунанд ва таомули байнидонишгоҳӣ шакл гирад, то табодули донишу таҷриба низ сурат гирад.

Масъули бахши иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон ҳамчунин аз изҳори омодагии ширкатҳо ва соҳибкорони эронӣ дар саноати санги Тоҷикистон хабар дод ва гуфт, ки чанде пеш мутахассисони тоҷик бо кумаки дӯстони эронии худ дар Бохтар кони бузурги санги травертинро кашф кардаанд.

Маъруфҷон Абдураҳмон бо баёни ин ки ба ҳайси масъули бахши иқтисодӣ вазифаи аввалиндараҷаи ӯ мусоидат дар тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва сармоягузорӣ мебошад, аз ҷумла афзуд: Бо таваҷҷуҳ ба тавофуқоти раисони ҷумҳури ду кишвари Тоҷикистон ва Эрон табодули тиҷорӣ миёни ду кишвар дар ояндаи наздик ба 500 миллион евро хоҳад расид ва мо барои ноил шудан ба ин ҳадаф талош хоҳем кард.

Маврид ба зикр аст, ки пас аз 14 –умин нишасти Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон дар таърихи 7 - 8 июни соли ҷорӣ, заминаи ҳамкорӣ миёни шаҳрҳо, устонҳо ва ҳамкорӣ миёни утоқҳои бозаргонии Тоҷикистон ва Эрон муҳайё шудааст. Эҷоди чунин ҳамкорӣ яке аз ҳадафҳои Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон низ маҳсуб мешавад.

 

Бештар бихонед:

 

Image Caption

 

Image Caption

 

Image Caption

 

Барчасп