Сардор Саломӣ: Омодагии Сипоҳ барои амалиёти вокуниши сареъ
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт, Неруи дарёии Сипоҳ ба марзи омодагии размии амалиётии "вокуниши сареъ" расидааст.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, сарлашкари посдор Ҳусайни Саломӣ бо таъкид бар ин ки дар сиёсатҳову роҳбурдҳои дифоии Эрон ҳеҷ гуна амале аз ҳеҷ душмане дар ҳеҷ нуқтае бо ҳеҷ миқёсе қобили таҳаммул нест, гуфт: Ин неру барои ҳар таҳдиде омодагӣ дорад ва қудрати дифоиву таҳоҷумии Сипоҳи посдрони инқилоби исломӣ барои вокунишҳои сахт ба ҳар душмане комилан омода ва сареъ аст.
Сарлашкар Саломӣ, ки барои боздиду баррасии раванди рӯ ба рушди сатҳи омодагиҳои дифоӣ – размии ягонҳои Нерӯи дарёии сипоҳ, мустақар дар ҷазоири халиҷи Форс ва тангаи роҳбурдии Ҳурмуз ба ҷануби Эрон сафар кардааст, бо мусбат арзёбӣ кардани сатҳи омодагиҳои тавони размии ягонҳои амалиётии Неруи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: Неруи дарёии сипоҳ бо истифода аз сомонаҳои навини ҷанголӣ тавониста ашрофияти комиле бар ҷуғрофиёи халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз ба даст оварад, ки ин муҳим имрӯз аз ифтихороти Неруи дарёӣ аст.