Пизишкиён: Парчами озодагони ҷаҳон имрӯз бар рӯи дӯши мост/ дидори раисиҷумҳури мунтахаб бо фармондеҳони Сипоҳи посдорон
(last modified 2024-07-15T13:07:09+00:00 )
Июл 15, 2024 18:07 Asia/Dushanbe
  • Пизишкиён: Парчами озодагони ҷаҳон имрӯз бар рӯи дӯши мост/ дидори раисиҷумҳури мунтахаб бо фармондеҳони Сипоҳи посдорон

Порс тудей - Раисиҷумҳури мунтахаби Эрон пас аз дидори фармондеҳони Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар паёме навишт: Парчами озодагони ҷаҳон имрӯз бар рӯи дӯши мост.

Сардор сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва ҳуҷҷатулислом Абдуллоҳ Ҳоҷӣ Содиқӣ, намоянда валии фақиҳ дар Сипоҳи посдорон ба ҳамроҳи сардор Муҳаммади Покпур, фармондеҳи неруи заминии сипоҳ, сардор Исмоили Қоонӣ, фармондеҳи неруи Қудси сипоҳ, сардор Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи неруи ҳавофазои сипоҳ, сардор Алиризо Тангсирӣ, фармондеҳи неруи дарёии сипоҳ, сардор Ғуломризо Сулаймонӣ, раиси Созмони басиҷи мустазъафин ва руасои созмонҳои иттилооти Сипоҳи посдорону ҳифозати иттилооти сипоҳи посдорон бо Масъуди Пизишкиён дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши Порс тудей, дар ин дидор, парчами мубораки остони муқаддаси ҳазрати имом Ҳусайн (а) тавассути фармондеҳи кулли сипоҳи посдорон ба раисиҷумҳури мунтахаби Эрон ҳадя шуд.

Пизишкиён пас аз ин дидор дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: Дар дидори имрӯз бародарони азизам дар сипоҳ, парчами мубораки остони муқаддаси ҳазрати имом Ҳусайн(а)-ро аз эшон ҳадя гирифтам. Парчами озодагони ҷаҳон имрӯз бар рӯи дӯши мост. Амалдори ин парчам мондан, ҳамчу Аббос (а) вафодорӣ, фидокорӣ ва адаб мехоҳад.

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, наҳоде низомӣ, ки ба манзури ҳаросат аз Инқилоби исломии Эрон ва дастовардҳои он, ба дастури расмии имом Хумайнӣ дар 2 урдибиҳишти 1358 таъсис шуд.

Сипоҳи посдорон дар 26 шаҳривари 1364 дар се неруи заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ густариш ёфт ва сипас дар соли 1369 фармони имом Саидалии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ду неруи дигар бо номҳои неруи Қудс ва Созмони муқовимати басиҷ ба он изофа гардид ва дар маҷмӯ ба панҷ неру густариш ёфт. Сипоҳи посдорони илова бар фаъолиятҳои низомӣ, дар арсаҳое монанди иттилоот, созандагӣ ва арсаҳои фарҳангӣ низ ба фаъолият мепардозад.

 

Барчасп