Октябр 16, 2021 10:37 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазирони хориҷаи Эрону Чин бар амалиётӣ кардани санади ҳамкории 25 сола

Вазирони умури хориҷаи Эрону Чин бар амалиётӣ кардани санади ҳамкории 25 сола таъкид карданд.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо Ван И, вазири умури хориҷаи Чин, зимни роҳбурдӣ хондани равобити ду кишвар, бар иҳтимоми ҷиддии Теҳрон барои пайгирии иҷрои комили санади ҳамкориҳои 25 солаи ду кишвар таъкид кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар пайи оғози гуфтугӯҳои Эрону Иттиҳодияи Аврупо, ки рӯзи қабл дар сатҳи муовини сиёсии вазири умури хориҷа ва муовини дабири кулли Сервиси иқдоми хориҷии Иттиҳоди Аврупо сӯрат гирифт, зимни ташреҳи абъоди гуфтугӯҳои сӯрат гирифта ва табйини сиёсати қатъии Ҷумҳурии Исломии Эрон мабнӣ бар зарурати рафъи муассиру комили таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии режими Амрико, аз беамалии се кишвари аврупоӣ интиқод кард.

Амирабдуллоҳиён таъкид кард, гуфтугӯҳо дар масири мусбату созандае оғоз шуда ва лизо тавофуқ шуд гуфтугӯҳо тайи ду ҳафтаи оянда дар ҳамин сатҳ дар Бруссел идома ёбад.

Санади барномаи ҳамкории ҷомеъи Ҷумҳурии Исломии Эрону Чин мавсӯм ба барномаи 25 сола, 27 марти 2021 дар Теҳрон ба имзои вазирони хориҷаи ду кишвар расид.

Бештар бихонед:

 

Барчасп