Октябр 16, 2021 16:19 Asia/Dushanbe
  • Сандӯқи тавсеаи миллии Эрон дар рутбаи 23 сандӯқҳои сарват дар дунё

Раиси ҷадиди ҳайати омили Сандӯқи тавсеаи миллӣ эълом кард, Эрон дар рутбаи 23 сандӯқҳои сарват дар дунё қарор дорад.

Меҳдии Ғазанфарӣ, раиси ҷадиди ҳайати омили Сандӯқи тавсеаи миллӣ гуфт, Эрон дар миёни 81 сандӯқи сарвати мавҷӯд дар ҷаҳон рутбаи 23-ро дорад ва Норвегия дар рутбаи аввал қарор дорад.

Вай афзуд, бар асоси оморҳои мавҷӯд дар соли 2018, 81 сандӯқи сарвати миллӣ дар 50 кишвар вуҷӯд дорад, албатта бархе кишварҳо чанд сандӯқ доранд.

Раиси ҷадиди ҳайати омили Сандӯқи тавсеаи миллӣ ҳамчунин гуфт, маҷмӯи арзиши дороии ин сандӯқҳо 8 ҳазор миллиарддоллар аст, ки 60 дарсади онҳо муодили 4500 миллиарддоллар аз манобеи нафтӣ ва мобақӣ аз манобеи ғайринафтӣ ва ғайриколоӣ аст.

Меҳдии Ғазанфарӣ хотирнишон кард, бар асоси асосномаи Сандӯқи тавсеаи миллӣ бояд манобеи сандӯқи ояндагон афзоиш ёбад ва роҳе барои мутанаввеъсозии масориф ва афзоиши баргашти ақсот пайдо кунем.

 

Барчасп