Октябр 18, 2021 11:10 Asia/Dushanbe
  • Вуруди генерал Боқирӣ ба Маскав

Раиси Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, вориди Маскав шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, генерал Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе бо истиқболи расмии генерал Сергей Истраков, ҷонишини раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русияи вориди фурудгоҳи "Ванукова"-и Маскав шуд.

Раиси Ситоди нерӯҳои мусаллаҳ, дар замони вуруд ба фурудгоҳи "Ванукова"-и Маскав пас аз навохта шудани сурӯди муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз Горди ташрифотии вазорати дифои Русия дидан кард.

Дар ин маросим, генерал Сергей Истраков, ҷамъе аз генеролҳои баландпояи русӣ, Козими Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав ва ҷамъе аз мудирони ниҳодҳои эронии мустақар дар Рӯсия низ ҳузур доштанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп