Октябр 18, 2021 11:16 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Тероризми ДИИШ дунболи такмили маъмурияти шикастхӯрдаи ишғолгарон дар Афғонистон аст

Раиси Ҷумҳӯрии исломии Эрон гуфт : Ҳамалоти гуруҳи террористии ДИИШ бо ҳадафи эҷоди тафриқа ва ҷангу хунрезии мазҳабӣ анҷом мешавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайидиброҳими Раисӣ дар ҷаласаи ҳайати давлат пас аз муаррифии Ҳасани Козимии Қумӣ ба унвони намояндаи вижаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар умӯри Афғонистон бо ишора ба ин ки шаҳодату маҷрӯҳ шудани намозгузорони ҷумъа дар масҷиди Фотимияи Қандаҳор бори дигар дили уммати Расулуллоҳ ( с )-ро доғдор кард, зимни арзи таслият ба миллати Афғонистон хостори тавваҷуҳи уламои ислом ва ниҳодҳои байналмиллалӣ ба буҳронҳои ахири ин кишвар шуд.

Раисӣ дар идома таъкид кард : Ҳаҷми физояндаи иқдомоти террористӣ, ки ҳамросто бо роҳбурди бесуботсозии Амрико дар Афғонистон анҷом мешавад, баёнгари густариши доираи иқдомоти террористӣ дар ин кишвар аст ва аз ҳокимони ин кишвар интизор меравад зимни амал ба масъӯлияти худ дар таъмини амнияти миллат аз зарфиятҳои амниятсозии мардумӣ ғафлат накунанд .
Сайидиброҳими Раисӣ гуфт : Ҷумҳурии исломии Эрон худро дар канори мардуми Афғонистон медонад ва омодаи кумаку ҳамкории ҳамаҷониба барои эҷоди суботу амнияти пойдор барои миллати Афғонистон аст .

 

Барчасп