Октябр 19, 2021 11:45 Asia/Dushanbe
  • Оғози Ҳафтаи Ваҳдат ва солрӯзи валодати паёмбари гиромии Ислом (с) муборак бод

Имрӯз (сешанбе), дувоздаҳуми рабеулаввали 1443 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо бо 19 октябри 2021, ба ривояте солрӯзи валодати ҳазрати Муҳаммад Мустафо (с), паёмбари гиромии Ислом ва оғози Ҳафтаи Ваҳдат аст.

Аҳли суннат дувоздаҳуми моҳи рабеулаввал ва шиаён ҳафдаҳуми ин моҳро солрӯзи валодати паёмбари гиромии Ислом (с) медонанд.

Ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон, ки худ аз мунодиёни ваҳдат дар ҷаҳони Ислом буданд, аз ин масъала барои иттиҳоду наздик шудани гуруҳҳои исломӣ истифода карданд ва фосилаи байни ин ду таърих (12 то 17 рабеулаввал) -ро "Ҳафтаи Ваҳдат" номгузорӣ карданд.

 

 

Ин ҳафта фурсати муносибе аст то зарурати ҳамбастагӣ ва якдилии ҷаҳони Ислом, ба вижа дар ин замони пур аз фитнаву ошӯб, бо диққати бештаре мавриди баррасӣ қарор гирад.

Агарчӣ мусулмонон аз мазоҳиби мухталиф дар бархе орову аҳком ихтилофи назар доранд, аммо дорои иштирокҳои зиёде чун бовар ба Худои воҳид, китоби осмонӣ, паёмбар ва қибла яксон ҳастанд.

 

 

Ҳамчунин мусулмонон бар анҷоми ибодоти муҳиме чун намоз, рӯза, ҳаҷ, закот ва ғайра иттифоқи назар доранд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон дар оғози ҳафтаи мубораки Ваҳдат, ки музайян ба валодати паёмбари гиромии Ислом (с) аст, ин муносибати фархундаро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрик мегӯяд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп