Октябр 19, 2021 15:39 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Тақриби мазоҳиби исломӣ як ҳаракати роҳбурдӣ дар ҷаҳони Ислом аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, тақриби мазоҳиби исломӣ, ки имом Хумайнӣ (раҳ) ва Раҳбари муаззами инқилоб бар он таъкид доштаву доранд, ҳаракате роҳбурдӣ дар ҷаҳони Ислом аст.

Ба гузориши ИРНА, Сайид Иброҳими Раисӣ имрӯз - сешанбе дар ойини кушоиши сивупанҷумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ, зимни қадрдонӣ аз дастандаркорони баргузории ин нишаст, ёду хотираи оятуллоҳ Тасхирӣ, ки ин бунёдро бунён ниҳоданд ва шаҳид Ҳоҷи Қосими Сулаймониро, ки барои эҷоди иттиҳод дар уммати исломӣ иқдомоти амалӣ кардааст, гиромӣ дошт.

Раисӣ бо баёни ин ки замони иттиҳод дар даруни ҳукумати исломӣ аст, гуфт: Дар ин ҳолат тавсия мешавад ихтилоф ва тафриқа накунед, ҳарфи тафриқаангез бар забон ҷорӣ накунед ва мувозиби қалам бошед. Инҳо тавсия дар даруни ҳукумати исломӣ аст то ҳарфе хилофи ваҳдат гуфта нашавад. Аммо замони иттиҳод дар нигариш ба ҳадафи муштараки уммати исломӣ аст.

Вай гуфт: Вақте ДИИШ шакл гирифт, бархе ба хубӣ ДИИШ -ро дарк накарданд. Ҳамон мавқеъ ёдам ҳаст, ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ эълом карданд, ҷинси кори диишиҳо ҷинси кори саҳюнистҳо аст, ин кори як мусулмон нест, ки ин гуна хун бирезад ва ҷиноят кунад, маълум шуд онҳо решаи амрикоӣ ва саҳюнистӣ доранд.

 

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрони афзуд: Ин тавтеаро имрӯз дар Лубнон ва Афғонистон шоҳид ҳастем ва дирӯз дар Ироқ ва Сурия шоҳид будем. Фаҳми ин тавтеа бисёр муҳим аст ва равшангарии уламои исломӣ масуниятбахши ҷавонон дар уммати исломӣ хоҳад буд.

Раисӣ ба уламову донишмандони ҳозир дар конфронс гуфт: Нақши уламо ва равшангарӣ дар уммати исломӣ ва ҷаҳони Ислом бисёр асарбахш аст, ки ҳам инҳирофотро расад кунед ва ҳам бамавқеъ ҳушдор диҳед то уммати исломӣ муқобили ин тавтеаҳо масун бимонанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп