Октябр 19, 2021 15:54 Asia/Dushanbe
  • Кумакҳои Эрон барои хонаводаҳои қурбонии ҳамлаи террористии Қандаҳор

Консулгарии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Қандаҳори Афғонистон эълом кард, ки ҳавопаймои ҳомили кумакҳои кишвар барои захмиҳову хонаводаи шуҳадои ҳодисаи террористӣ ба масҷиди Фотимияи Қандаҳор, ба ин устон расидааст.

Ба гузориши имрӯз (сешанбе) -и ИРНА, консулгарии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Қандаҳор эълом кард, ки ҳавопаймои ҳомили кумакҳои башардӯстонаи Эрон ба Қандаҳор пас аз тахлияи маҳмулаи кумакҳои инсондӯстона, шуморе аз захмиҳои ин рӯйдодро барои дармон ба Ҷумҳурии исломии Эрон интиқол дод.

 

Ҷумҳурии исломии Эрон пеш аз ин низ барои захмиҳову хонаводаи қурбониёни ҳамлаи террористӣ ба масҷиди шиаён дар Қундӯзи Афғонистон ду ҳавопаймо кумаки башардӯстона фиристода буд, ки шомили дору, курпа, маводи ғизоӣ ва либоси гарми зимистонӣ буд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп