Октябр 22, 2021 17:07 Asia/Dushanbe

Хатиби муваққати намози ҷумъаи Теҳрон гуфт: Амрикоиҳо бо шикасте, ки дар интихоботи худ доштанд, дар дохил шикаст хурданд ва дар хориҷ ҳам ҳеҷ роҳе ҷуз тарки Ғарби Осиё надоранд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, ҳуҷҷатулислом Муҳаммадҷаводи Ҳоҷиалиакбарӣ бо ишора ба бархе таҳаввулоти рухдода дар кишвари Эрон тайи 20 моҳи гузашта гуфт: Дар ин муддат ҳаводиси талху ширини фаровоне доштем, ки яке аз онҳо пирӯзии миллати бузург ва беназири миллати азизи мо дар баробари фитнаҳову ҳаводиси гуногун буд. Бемории корона ҳам боиси бурузи мушкилоти адидаи иқтисодиву иҷтимоӣ барои мардум ва ҳамчунин талхиҳои аз дастрафтагони ин беморӣ шудааст.

Вай дар идомаи хутбаи дувуми намози ҷумъаи Теҳрон ба таҳаввулоти минтақаву ҷаҳон ва шикасти сиёсатҳои Амрико ва дунболаравони онҳо ва режими саҳюнистӣ пардохт ва гуфт: Амрикоиҳо бо шикасте, ки дар интихоботи худ доштанд, ҳам дар дохил шикаст хӯрданд ва ҳам пас аз интихобот бо рафторҳои аҷибу ғариби худ ва ҳам дар ҷараёни минтақаи Ғарби Осиё шикасти роҳбурдиро таҳаммул карданд.

Вай гуфт: Амрико баъд аз 20 сол, ки бо дурӯғу найранг қасди сохтани Ховари Миёнаи бузургро дошт, имрӯз бо 8 триллион доллар ҳазина ва додани куштаҳои зиёд дар ба дар шудааст ва аз минтақа хориҷ мешавад ва имрӯз бояд аз минтақа хориҷ шавад. Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт: Агар Амрико ҳазорон триллион доллар низ ҳазина кунад, ҳеҷ роҳе ҷуз тарки Ғарби Осиё надорад ва уфули Амрико суръат хоҳад гирифт.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп