Октябр 23, 2021 13:46 Asia/Dushanbe
  • Роҳбурди Теҳрон дар баробари Барҷом шаффоф ва мантиқӣ аст
    Роҳбурди Теҳрон дар баробари Барҷом шаффоф ва мантиқӣ аст

Ҳамзамон бо дидори рӯзи ҷумъаи намояндагони Амрико ва кишварҳои аврупоӣ дар Порис, Фаронса аз Эрон хост то фаъолиятҳои ҳастаии худро маҳдуд созад . Анне Клайре Легендре -сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Фаронса дар баёнияе бидуни ишора ба бадаҳдии кишварҳои аврупоӣ дар адами иҷрои таъаҳҳудоти барҷомӣ, Эронро ба нақзи Барҷом муттаҳам кард ва аз Эрон хост то ҳамкории комилро бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аз сар бигирад .

Легендре ҳамчунин муддаӣ шуд,ки шарикони амрикоӣ ва аврупоӣ омодаи бозгашти фаврӣ ба музокирот бо Эрон ҳастанд, то ба суръат тавофуқи бозгашти Эрон ба таъаҳҳудоташ ва бозгашти Амрико ба Барҷом имзо шавад .
Бозгашт ба Барҷом ба шарти доштани натоиҷи амалӣ ва малмӯс дар ҷиҳати тазмину таъмини манофеи Эрон аз ин тавофуқи чандҷониба,дорои аҳамият аст ; аммо то кунун иқдоми ҷиддӣ ва амалӣ дар ин замина аз ҷониби Амрико ва се кишвари аврупоӣ анҷом нашудааст .

Порис, ки зоҳиран " нигарони таъхир дар идомаи музокироти ҳастаӣ аст, дар баёни мавозиъи худ аммо дучори таноқузҳое аст . Мақомҳои Фаронса зоҳиран " фаромӯш кардаанд, ки Барҷом ибтидо тавассути Амрико нақз шуд . Амрико дар ин замина як нақзи доманадор ва комил доштаву сегонаи аврупоӣ низ дучори беамалӣ ва бетафовутӣ нисбат ба таъаҳҳудоташон ва ҳамчунин манофеи мутаъаҳҳидшудаи Эрон зайли Барҷом аст . Аврупоиҳо дар қолиби баёнияҳое бо матраҳ кардани масойили инҳирофӣ дар воқеъ ба дунболи баҳонатарошӣ барои тавҷеҳи нақзи Барҷом ҳастанд . Ин рафторҳо нишон медиҳад, ки Амрикову Аврупо ба дунболи эҷоди вазъияти ҷадиде зери пӯшиши музокира барои Барҷом ҳастанд .
Алорағми иқрори Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ба пойбандии Эрон ба тамомии таъаҳҳудоташ дар Барҷом, давлати Амрико дар 8 майи 2018 ба сурати якҷониба аз ин тавофуқ хориҷ шуд . То кунун шаш даври музокира бо ҳадафи бозгашти Амрико ба Барҷом дар шаҳри Вена бо ҳузури кишварҳои боқимонда дар ин тавофуқ баргузор шуда, ки ба ҷамъбандии қобили қабул нарасидааст . Акнун Амрико ва Аврупо аз Эрон мехоҳанд, ки ба мизи музокироти Вена бозгардад, аммо ҳамзамон таҳримҳои ҷадидеро алайҳи Эрон ҷорӣ мекунанд, ки ин як таноқузи ошкорост ва ин навъи рафтор дорои паёми созанда нест .
Барҷом дар чорчӯби қатъномаи 2231 таъаҳҳудоти дутарафаеро мушаххас кардааст, аммо Аврупову Амрико амал ба ин таъаҳҳудотро гаравгони дастёбӣ ба аҳдофи худ кардаанд . Исрор бар идомаи рафторҳои гузаштаву такрори иттиҳомҳои беасос дар бораи фаъолиятҳои ҳастаии сулҳомези Эрон қатъан " натиҷааш зарбаи бештар ба Барҷом аст .

Александр Аустин-таҳлилгари фаронсавӣ  дар хусӯси таноқузи рафтори Аврупо ва инки чаро аврупоиҳо аз як тараф бар лузӯми ҳифзи Барҷом таъкид карда ва аз тарафи дигар дунболарави сиёсатҳои таҳримии Амрико ҳастанд, ба ин нукта ишора мекунад, ки аврупоиҳо аз замони лағви таҳримҳо бар асоси Барҷом бо таҳримҳои Амрико ҳамроҳӣ кардаанд ва ин рафтори нодуруст аст .

Ҳангоме ки Амрико аз Барҷом хориҷ шуд ва таҳримҳояш алайҳи Эронро аз сар гирифт, Аврупо аз тарси аз даст додани бозори Амрико даст ба интихобе зад, ки бозори Эрон дар авлавияти баъдии он қарор дошт. Ба иборати дигар аврупоиҳо низ қурбонии ин моҷаро шуданд.
Аустин тасреҳ мекунад : Ба назари ман Аврупо метавонад дар сурати ҳамоҳанг будану нишон додани вокуниши мунсаҷим дар баробари фишорҳои Амрико муқовимат кунад, аммо мушкил инҷост, ки Аврупо ба шиддат аз ноҳамоҳангӣ ранҷ мебарад.
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар сафари ахири худ ба Русия гуфт: Аагар қарор шуд музокироти масири ҳашт соли гузаштаро тай кунаду музокира барои музокира бошад, қатъан Ҷумҳурии исломии Эрон дар замони худаш тасмими лозимаро дар он чорчӯб хоҳад гирифт .
Ин мавозеъ нишон медиҳад роҳбурди Теҳрон дар қиболи Барҷом шаффоф ва мантиқӣ аст ва бозгашти Эрон ба Барҷом ба ирода ва ҳусни нияти тарафҳои муқобил бастагӣ дорад.



Бештар бихонед :

 

Барчасп