Муносиб набудани маҳали тамрини тими миллии футболи “Умед”-и Эрон дар Тоҷикистон
Сарпарасти тими миллии футболи “Умед”-и Эрон гуфт, вазъияти маҳали тамрини аъзои тим дар Тоҷикистон муносиб нест.
Ба гузориши сойти таҳлилии “Воно нюз”, Муҳаммади Муҳаммадӣ дар бораи оғози мусобиқоти интихобии қаҳрамонии зери 23 соли Осиё, афзуд, дар ҷаласа пеш аз ин мусобиқот рӯи масоили инзиботӣ ва риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ таъкид шуд.
Вай идома дод, ҳамчунин тасмим гирифта шуд дар бозии аввали тими Эрон либоси сафед ва дарвозабони либоси сиёҳ бар тан кунад.
Вай Эрон дар бораи мизбонии Тоҷикистон унвон кард, аз лиҳози сахтафзор ва ҳатто интернети имконоти инҷо ҳатто бо Эрон ҳам қобили қиёс нест ва маҳдӯдиятҳои зиёде дорем.
Ӯ изҳор кард, шароити утоқҳо хеле иддеа нест, вале бояд нисбат ба тасмими AFC тамкин кунем.
Муҳаммадӣ изофа кард, умедворем дар бозиҳо мушкиле набошад мо дар Эрон низ рӯи чамани маснӯъӣ тамрин кардем, вале вазъияти чамани мо хеле беҳтар аз Тоҷикистон буд.
Ӯ баён кард, рӯи чамани маҳали тамрин зиёд бозӣ шуда ва эҳсос мекунам шароит хеле ҳирфаӣ нест.
Вай дар бораи вазъияти тим низ гуфт, Худоро шукр ҳамаи бачаҳо вазъияти хубе доранд ва ҳеҷ масдумӣ надорем, ҳама бо ҷиддият кор мекунанд ва умедворем 3 бозикуни дигар низ ба мо изофа шаванд то бо тим комил барои бозии дувум ва сеюм омода шавем.
Вай ишора кард, фикр мекунам бозӣ муқобили Непол барои мо як бозии тадорукотӣ маҳсӯб шавад то битавонем барои бозиҳои баъдӣ худро омода кунем.
Тими футболи зери 23 соли Эрон дар гуруҳи “B” марҳалаи муқаддамотии қаҳрамонии Осиё бо тимҳои Непол, Тоҷикистон ва Лубнон ҳамгуруҳ аст.