Октябр 25, 2021 16:06 Asia/Dushanbe
  • Дидори кадри фаннии тими миллии Умеди Эрон бо сафири Эрон дар Тоҷикистон

Шаби гузашта сармураббӣ ва сарпарасти тими Умед(тими олимпӣ) ба ҳамроҳи раиси кумитаи ҷавонон ва узви ҳайати раисаи Федерасиюни футболи Эрон бо сафири Эрон дар сафорати Эрон дар Душанбе дидору гуфтугу карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон бар асоси эъломи сайти расмии Федерасиюни футболи Эрон, Миршоди Моҷидӣ, узви ҳайати раисаи федерасиюн ва раиси кумитаи ҷавонон ба ҳамроҳи Маҳдии Маҳдавикиё-сармураббии тими миллии умед, Муҳаммади Муҳаммад- сарпарасти тими умед бо Муҳаммадтақии Собирӣ-сафири Эрон дар Тоҷикистон дар маҳали сафорати Эрон дидору гуфтугу карданд .
Собирӣ зимни эъломи ҳимоят аз тими умед гуфт : Аз ҳеҷ талоше ба манзури эҷоди шароити муносибу фароҳам кардани имконот барои тими миллии умед дареғ нахоҳем кард ва маҷмӯъаи сафорати Эрон орзӯи муваффақият барои ин тим дар дидорҳои пеши рӯро дорад .
Дар ин дидор пероҳани тими миллӣ ба сафири Эрон дар Тоҷикистон аз сӯи Моҷидӣ, Маҳдавикиё ва Муҳаммадӣ эҳдо шуд .
Ҳамчунин сафири Эрон дар Тоҷикистон ҳам ёдбудеро ба сармураббии тими умед эҳдо кард .



Бештар бихонед :

 

Барчасп