Октябр 26, 2021 11:20 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободӣ: Ҳуқуқи башар табдил ба як коло ва абзори сиёсӣ шудааст

Муовини умури байналмилалии қувваи қазоия ва дабири Ситоди ҳуқуқи башари Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Муттаассифона, ҳуқуқи башар ба як коло ва абзори сиёсӣ барои эъмоли фишор ба кишварҳои мустақил ва дар ҳоли тавсеа, назири Эрон табдил шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Козими Ғарибободӣ, муовини умури байналмилалии қувваи қазоия ва дабири Ситоди ҳуқуқи башари Ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба гузориши гузоришгари вижаи вазъияти ҳуқуқи башар дар Эрон ба Созмони Милал гуфт: Дар ҳоле ки ҷаҳон аз беадолатии ношӣ аз рафторҳову сиёсатҳои кишварҳои муддаии ғарбӣ ва амрикоӣ ранҷ мебарад, ироаи гузориш дар мавриди вазъияти ҳуқуқи башар дар Ҷумҳурии исломии Эрон, ки худ қурбонии нақзи ҳуқуқи башар дар асари иқдомоти ин қабил кишварҳо мебошад, як иқдоми комилан сиёсӣ ва инҳирофӣ мебошад.

Ғарибободӣ бо интиқод аз сукути муддаиёни ҳуқуқи башар дар баробари иқдомоти террористӣ алайҳи миллати Эрон ва донишмандони он ва ҳамчунин таҳримҳои золимона, ки нақзи фоҳиши ҳуқуқи башари афрод маҳсуб мешаванд, хоҳони расидагии созукорҳои ҳуқуқи башарӣ ба ин иқдомоти хилофи ҳуқуқи байналмилал ва ҳуқуқи башари ғарбиҳо ва ҳамчунин вазъияти ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо шуд.

Вай дар идома, гузориши гузоришгари вижаро як гузориши комилан муғризона ва бо аҳдофи сиёсӣ хонд, ки пешрафтҳои густарда дар ҳавзаҳои мухталифи ҳуқуқи башарро барқасдона нодидаи гирифта ва меҳварҳои умдаи онро мубтанӣ бар иддаоҳои дуруғини гуруҳҳои террористӣ ва зидди ҳуқуқи башарии хориҷнишин хонд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп