Посухи қотеъи Эрон ба гузориши гузоришгари вижаи вазъияти ҳуқуқи башар дар Эрон
Намояндагии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар посухе қотеъ ба гузориши Ҷовиди Раҳмон, гузоришгари вижаи вазъияти ҳуқуқи башар дар Эрон, ҳадаф аз чунин гузоришҳоеро танҳо истифодаи абзорӣ аз ҳуқуқи башар алайҳи дигар кишварҳо донист.
Ба гузориши ИРНА, посухи Эрон ба гузориши гузоришгари вижаи вазъияти ҳуқуқи башар дар Эронро Заҳро Иршодӣ, сафир ва муовини намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ дар Кумитаи сеюми Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид қироат кард.
Вай бо баёни ин ки ҳифозату иртиқои ҳуқуқи башар бояд як ҳадафи муштарак барои ҳамаи мо бошад, эълом кард: Бо ин ҳол, сӯиистифода аз механизмҳои ҳуқуқи башарӣ ба манзури озору азияти гузинишии кишварҳое ки аз пешрафти мудовим дар заминаи ҳуқуқи башар бархурдоранд, эҳсоси ҳамбастагиро ба хатар меандозад ва аҳдофи инсониву волои ҳуқуқи башарро хадшадор мекунад.
Иршодӣ хотирнишон кард: Бо ин ки тамоми шавоҳиду воқеиятҳои мавҷуд нишондиҳандаи ин воқеият аст, ки ҳеч гуна нияти хубе дар таъйини гузоришгари вижаи ҳуқуқи башар дар Ҷумҳурии исломии Эрон вуҷуд надорад, аммо Эрон бо таъмиқи системаи ҳукмронии демократии худ лаҳзае аз хидмат ба мардуми худ мунсариф нахоҳад шуд.
Дар посухи Эрон омадааст: Ҷумҳурии исломии Эрон бар ин ақида аст, ки гуфтугӯ ва ҳамкории мубтанӣ бар эҳтироми мутақобил ва баробарӣ танҳо абзори мавҷуд ҷиҳати тазмини иртиқову ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар сатҳи байналмилалӣ ҳастанд.
Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал ҳамчунин афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон мусаммам аст ҳамчунон аз мардуми худ дар баробари хатари ифротгароии хушунатомезу терроризм, ки умдатан дар минтақаи мо ба сабаби мудохилоти эътиёдовар, ишғолу таҷовузи Амрико, муттаҳидону муштариёнаш паҳн шудааст, муҳофизат кунад.