Октябр 26, 2021 16:06 Asia/Dushanbe
  • Капитани тими миллии Умеди Эрон: Ҳарифи аслии мо Тоҷикистон аст

Бозикунон ва капитани тими миллии Умеди футболи Эрон ҳарифи аслии ин тимро Тоҷикистон донист.

Ба гузориши ИЛНА, Ёсини Салмонӣ, ситораи ҷавони тими футболи Сипоҳон ва капитани тими Умеди Эрон пас аз голзанӣ ва дурахшиш дар дидори дирӯз муқобили Непал, ки мунҷар ба бартарии 4 голии шогирдони Меҳдии Маҳдавикиё шуд, дар бораи шароити бозӣ гуфт: Бо вуҷуди ин ки мавқеиятҳои зиёде доштем, аммо хушбахтона дар нимаи дувум тавонистем 4 гол бизанему пирӯз аз замини бозӣ хориҷ шавем.

Салмонӣ дар бораи пеналтии аз дастрафтааш гуфт: Мехостам пеналтиро самти рости боло бизанам, аммо ба берун рафт. Худоро шукр, ки тавонистам баъд аз пеналтӣ гол бизанам ва ҷуброн кунам.

 

Капитани тими Умед дар бораи бозии баъдӣ муқобили Лубнон гуфт: Лубнон ҳарифи хубе аст ва бо Тоҷикистон ҳам бозӣ доштанд, ки дар дақиқаи 90 мағлуб шуданд, бозии нисбатан физикӣ анҷом медиҳанд ва умедворем дар он бозӣ ҳам битавонем бо 3 имтиёз ва як бурди хуб дили мардуми Эронро шод кунем.

Ёсини Салмонӣ дар бораи ҳарифи аслии Эрон дар ин гурӯҳ гуфт: Ҳарифи аслии мо дар ин гуруҳ мешавад гуфт, ки Тоҷикистон аст ва эҳтимолан бозии поёнӣ бо Тоҷикистон бозии бисёр муҳиме хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп