Эрон барои тавсеаи равобит бо Узбакистон ҳеҷ маҳдудияте қоил нест
(last modified Wed, 27 Oct 2021 06:41:59 GMT )
Октябр 27, 2021 11:41 Asia/Dushanbe
  • Эрон барои тавсеаи равобит бо Узбакистон ҳеҷ маҳдудияте қоил нест

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидори вазири хориҷаи Узбакистон дар Теҳрон, равобити ду кишварро бародарона ва рӯ ба густариш баршумурд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ дар ин дидор бо ишора ба иштирокоту зарфиятҳои ҳамкорӣ байни Теҳрон ва Тошканд афзуд: Эрон ва Узбакистон фақат ду кишвари ҳамсоя нестанд, балки аз равобити бародарона ва хешовандӣ бархӯрдоранд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар идома бо ишора ба дағдағаи муштараки ду кишвар дар бораи авзои минтақа, ба вижа Афғонистон хотирнишон кард, натиҷаи ҳузури бегонагон, ба вижа Амрико дар Афғонистон ҷуз бадбахтӣ ва қатлу хунрезӣ ва ақибмонда нигаҳ доштани Афғонистон набуда ва акнун, ки Амрико аз Афғонистон ихроҷ шуда, бояд кумак кунем мардуми ин кишвар таъми сулҳу амниятро бичашанд.

Раисӣ бо ишора ба ҳузури ҳудуди чаҳор миллион афғонистонӣ дар Эрон ва идомаи кумакҳои инсондӯстонаи Эрон ба ин мардуми ранҷдида, ибрози умедворӣ кард, дар нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон роҳи ҳаллу дидгоҳи муштараке барои ҳалли дағдағаву нигарониҳои Афғонистон ҳосил шавад.

Вазири хориҷаи Узбакистон низ дар ин дидор бо ишора ба талоши кишвараш барои таҳкими равобити Теҳрон – Тошканд дар арсаҳои мухталифи сиёсиву иқтисодӣ гуфт: Ду кишвар аз зарфияту потенсиали болое барои тавсеаи сатҳи равобит бархӯрдор ҳастанд ва мусаммам ҳастем ин зарфиятҳоро фаъолтар кунем.

Абдулазиз Комилов бо баёни ин ки Узбакистон аз ибтикори Ҷумҳурии исломии Эрон барои баррасии вазъияти Афғонистон истиқбол ва ҳимоят мекунад, афзуд: Бо тавваҷуҳ ба ин ки кишварҳои абарқудрат натавонистанд барои Афғонистон коре аз пеш бибаранд, аз ин рӯ иҷлоси Теҳрон аз аҳамияти сиёсии бисёр болое бархӯрдор аст ва ба таври комил аз натиҷаи он ҳимоят мекунем.

Вазири хориҷаи Узбакистон дар идома бо ишора ба ин ки истиқрори сулҳу субот дар минтақа ба нафъи ду кишвар ва кишварҳои минтақа аст, хотирнишон кард: Узбакистон дар ҳавзаҳои мухталифи дуҷонибаи минтақаӣ ва байналмилалӣ ба дунболи ҳамкориҳои наздик бо Ҷумҳурии исломии Эрон аст.