Октябр 27, 2021 13:41 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони хориҷаи Эрон ва Тоҷикистон дар Теҳрон

Вазирони хориҷаи Эрон ва Тоҷикистон бо якдигар мулоқот карданд.

Дар дидори Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон ва Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, ки барои ширкат дар дуюмин нишасти ҳамсоягони Афғонистон ба Эрон сафар кардааст, охирин таҳаввулоти равобити ду кишвар, хусусан дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ баррасӣ шуд.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин дидор зимни ташаккур аз мизбонии шоистаи Тоҷикистон дар баргузории иҷлоси Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, бо ҳузури ҳайати олирутбаи Ҷумҳурии исломии Эрон ба раёсати раиси ҷумҳурии Эрон ва тавофуқоти муҳими анҷомшудаи фимобайни руасои ҷумҳурии ду кишвар, бар зарурати густариши ҳамкориҳо дар тамоми заминаҳо таъкид кард ва вазоратхонаҳои умури хориҷаи ду кишварро омили таҳаррукбахше ба равобит ва хусусан амалӣ кардани асноди имзошуда байни ду кишвар донист.

Амирабдуллоҳиён ҳамчунин бо ташреҳи рӯйкарди давлати Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳавзаи равобити ҳамсоягӣ, ба унвони яке аз муҳимтарин авлавиятҳои равобити хориҷии кишвар, иштирокоти амиқи фарҳангиву забонӣ бо Тоҷикистонро зарфияти муҳиме барои ҳамкориҳои фимобайн унвон кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон зарфияти ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои хадамоти фаннӣ – муҳандисӣ, гардишгарӣ, саноат, маъдан ва кишоварзиро дар сатҳи қобили таваҷҷуҳе арзёбӣ кард, ки ба вижаи ду кишвар дар қолаби ҳамкориҳо дар Созмони Шанхай метавонанд аз он баҳраманд шаванд.

Амирабдуллоҳиён ҳамчунин бо тавваҷуҳ ба нишасти рӯзи чаҳоршанбеи вузарои умури хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон дар Теҳрон, дидгоҳи Ҷумҳурии исломии Эрон дар хусуси ташкили давлати фарогир ва бо ҳузуру мушорикати ҳамаи ақвом дар Афғонистонро мавриди таъкид қарор доду ибрози умедворӣ кард, ин нишаст битавонад дар таҳаққуқи хосту иродаи мардуми Афғонистон гоми муассире бардошта ва ба субот, оромиш ва тавсеаи ин кишвар кумак кунад.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз даъват барои ҳузур дар нишасти ҳамсоягони Афғонистон ва ибрози хурсандӣ аз ҳузури раиси ҷумҳурии Эрон ва ҳайати олирутбаи ҳамроҳ дар иҷлоси Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Тоҷикистон, зарурати амалӣ сохтани тавофуқоти руасои ҷумҳурии ду кишвар дар замони дидор дар Тоҷикистонро мавриди таъкид қарор доду сипарӣ шудани сӣ сол аз равобити ду кишварро дорои аҳамият зикр кард.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, сатҳи муносиботи ду кишвар иртиқо ёбад.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин дар ин дидор дидгоҳи кишвараш дар хусуси масоили марбут ба Афғонистонро ташреҳ кард.